Санаи 9 ноябри соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, дар факултети муҳандисӣ-технологӣ вохӯрии донишҷӯдухтарон бо сиёсатмадор, фаъолзан, собиқадори меҳнат, депутати халқии Иттифоқи Шӯравӣ ва Тоҷикистон Бихоҷал Раҳимова баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори ДПДТТ, Раиси Шӯрои занони донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, муовини Раиси Шӯрои занони донишкада Темурова М, раиси занони ФМТ Раҳимова А.Р.,  декани ФМТ Ваҳҳобов А. ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. 

Сараввал устод Ваҳҳобов А. меҳмони олиқадрро ба ҳамагон муаррифӣ намуда, ба  донишкада хайрамақдам намуданд. Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳои духтарон бо фаъолону собиқадорон ва шахсони рӯзгордида хеле саривақтӣ буда, нақши мусбии хешро  ҷиҳати фаъолгардонии духтарон мерасонад. 

Ҳангоми баромади хеш Бихоҷал Раҳимова ба духтарон муроҷиат намуда, зикр карданд, ки оила аз ҳама чизи муқаддас ва беназир маҳсуб меёбад. Он кас аз рӯзгор ва кору фаъолияти хеш ба ҳозирин қиссаҳои ҷолиб нақл карданд. Ба духтарон таъкид намуданд, ки ҳамеша фаъол бошанд, дар корҳои ҷамъиятии донишкада ва берун аз он ширкат варзанд, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хешро васеъ намуда, касби хуберо аз худ намоянд. Зеро имрӯзҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, шароити мусоид барои ташаккули маҳорату малака, донишомӯзӣ, соҳибкасб шудан фароҳам оварда шудааст. 

Муовини Раиси Шӯрои занони донишкада Темурова М. зимни баромади хеш қайд намуданд, ки дар донишкадаи политехникӣ Шӯрои занону духтарон фаъолият дорад ва тибқи нақшаи шӯро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқию маърифатии духтарон, омода намудани онҳо ба ҳаёти оиладорӣ, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб ҳар гуна чорабиниву вохӯриҳо ташкил карда мешавад.

Донишкада бо роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, ки ҳамзамон вазифаи Раиси Шӯрои занону духтарони донишкадаро бар зимма доранд, бо мақсади фаъолгардонии духтарон дар ҷамъият, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадри болаёқат, дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз байни духтарон ва омода намудани онҳо ба ояндаи дурахшон ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳад. 

Донишҷӯдухтарон ва устодони ФМТ аз сӯҳбати меҳмони олиқадр Бихоҷал Раҳимова як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Онҳо зикр намуданд, ки тамому саъю талоши хешро ба илмомӯзӣ ва омӯзиши касбу ҳунари муосир, ободиву пешрафт ва рушди Ватани азизамон Тоҷикистон равона хоҳанд кард.