Санаи 30 ноябри соли 2018 дар доираи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила» вохӯрии донишҷӯдухтарони ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҳти унвони “Зиндагӣ ранги дигар дорад!” дар толори донишкада барпо гардид.

Дар чорабинӣ Раиси кумитаи занони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Атаева Ҳ., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Сангинова М., намояндаи ташкилоти ҷамъиятии маркази занон “Гулрухсор” Ишанова М., намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” Болтаева М., намоянда аз Хазинаи авруосиёӣ дар Тоҷикистон Каримова М. ширкат варзиданд. Инчунин,  аз донишкада номзади илмҳои педагогӣ, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Х., Раиси Шӯрои занони ФИЭ Усмонова М., муовини раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада Темирова М. иштирок намуданд.

Сангинова М. чорабиниро оғоз намуда, оид ба муносибатҳо дар оила суханронӣ намуданд. Аз таҷрибаи фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оила мисолҳои ҳаётӣ оварда, духтаронро дар руҳияи маърифати оиладорӣ тарбият намуданд. Зимни баромади хеш мавсуф зикр доштанд, ки зан пойдевори асосии оила буда, ҳама хушбахтиву хушиҳо ва баръакс бадбахтиҳо аз зан вобаста аст. Хушбахтии оила асосан дар дасти зан мебошад, бинобар ин  бояд ҳаматарафа кӯшиш намояд, то оилааш мустаҳкам гардад.

Баъдан Атаева Ҳ. суханро идома дода, таъкид намуданд, ки нақши зан дар ҷомеа баланд гардида истодааст. Бинобар ин духтарон тамоми кӯшиши худро барои гирифтани дониши мукаммал равона созанд.

Устод дар бораи “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доштан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ маълумот доданд. Зикр доштанд, ки асоси хушбахтии оила дар муносибати хуши байниҳамдигарӣ асос меёбад.

Намояндаи маркази занон “Гулрухсор” Ишонова Ш. оид ба фаъолияти марказ маълумот доданд.

Барои иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳо аз ҷониби Хазинаи авруосиёӣ дар Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Аз ҷониби маркази занон “Гулрухсор” низ роҳнамоҳо барои ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила, ҳуқуқҳои занон дар доираи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд. 

Дар фарҷом  видеоролики “Оилаи хушбахт бе зӯроварӣ” намоиш дода шуд. Аз ҷониби донишҷӯёни донишкада суруду рақсҳо пешкаши ҳозирин гардида, табъи ҳамагонро болида намуд.

Вохӯрӣ таҳти унвони “Зиндагӣ ранги дигар дорад!” маърифати ҳуқуқӣ, оиладории донишҷӯдухтаронро баланд бардошта, ҷиҳати тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, ҳуқуқӣ таъсири амиқ гузошт.