Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва амалисозии “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ  ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 дар мавзӯи “Муаммоҳо ва дурнамои рушди сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон”конфренсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону коршиносони соҳа аз ҷумла  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшида,  салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли иштирокдорони конфренсия расонид. Мавсуф қайд кард, ки ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз таърихи 27 апрели соли 2022, таҳти №203  “Стратегияи рушди соҳаи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” қабул шудааст, ки дар он самтҳои асосии рушди соҳа  инъикос ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир ҳиссаи маҳсулоти сохтмонӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта,  ҳоло он  11%-ро ташкил менамояд.  Ба истифода супоридани манзили истиқоматӣ, мактабҳо, беморхона ва дигар объектҳои таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ба маротиб афзудааст. Ғайр аз он, қиёфаи шаҳру деҳоти мамлакат куллан дигар гашта, биноҳои баландошёнаи бо тарҳи зебо,  боғҳои фароғатӣ, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ  зиёд шудааст, ки ин аз меҳнати пурмашаққат ва ободкоронаи меъморону сохтмончиён далолат медиҳад.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Маъруф Муҳаммадзода зимни баромад зикр дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд теъдоди сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12000 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар соли 2022 ва се моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 2519 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба иҷрои расонида шудаанд. Зимни раванди сохтмон диққати асосӣ ба сифати мазсулоти сохтмонӣ, мутобиқ ба нақшаи генералӣ бунёд намудани иншоот, сифатнокии кори сохтмончиён дода мешавад.

Дар идома иштирокдорон маърузаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Аминзода Пӯлод дар мавзуи “Самтҳои асосии такмили меъёрҳои зилзилатобоварӣ дар Тоҷикистон”,  дотсенти кафедраи сохтмони бино ва иншооти Донишкадаи муҳандисию сохтмонии шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Хусаинов Мухаммадалихон Авлияхонович дар мавзуи “Баҳодиҳии муҳиммияти омилҳои ба мустаҳкамии фибробетон таъсиррасонанда”, профессори кафедраи масолеҳҳои сохтмонии Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Дони Федератсияи Русия  Моргун, профессори кафедраи меъмории бино ва иншооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Нигматов Икромҷон Исматҷонович дар мавзуи “Доир ба масоили ташаккулёбии микроиқлим дар ҳуҷраҳо”, директори намояндагии Ассосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бобоев Мумин Очилович дар мавзуи “Роҳҳои таъмини сифати сохтмони иншоотҳо дар асоси талаботи меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърузаи собиқадори меҳнати соҳаи сохтмонМамадҷонов Муҳаммадҷон Воҳидович дар мавзуи “Муаммоҳои мубрами сохтмони муосир (системаи гармидиҳӣ)-иро шуниданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ ба маърӯзачиён дар вазъияти тантанавӣ сертификат супорида шуд.

Дар ҷаласаи кори бахшҳо зиёда аз 37 мақолаҳои устодон аз 17 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва хориҷӣ шунида шуд. 

 

Дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  бо иштироки  муовини раиси комиссияи ҷамъияти пешгирии коррупсия дар вилояти Суғд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назира Ғаффорӣ мулоқоти озоду самимӣ бобати пешгирӣ аз амалҳои ришваситонӣ, баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқӣ бо ҷомеаи устодону шогирдони донишкада баргузор гардид.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни оғоз бахшида,  таъкид дошт, ки aсоси пешрaфти ҷомеa aз дaрaҷaи сaводнокӣ, сaтҳи фaҳмиши ҳуқуқии ҳaр яки мо вобaстaгии кaлон дорaд. Мутaaссифонa, имрӯз ҷомеaи ҷaҳониро дaр бaробaри хaтaрҳои  терроризиму экстремизм, ҳaмчунин aмaли ришвaситонӣ ё бa истилоҳ коррупсионӣ бa тaшвиш овaрдaaст. Дaр кишвaри мо низ бинобaр нaдонистaни ҳуқуқу мaнфиaтҳои худ aксaри сокинон дaр ин мaврид рaнҷ мекaшaнд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи сокинон бар зидди коррупсиониро яке аз омилҳои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд. Зеро коррупсия барои рушди иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ ва ҷалби сармоя монеаи ҷиддӣ буда, барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди калонро ба вуҷуд меоварад. Ҳарчанд дар фосилаи таърихи ҷаҳон имконоти пурра решакан намудани коррупсия вуҷуд надорад, аммо бо пеш гирифтани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ метавон зина ба зина сатҳи ҷинояти коррупсиониро коҳиш дод, ки ин амри воқеият аст. Зеро дар ҷамъият ҳар чӣ бештар сар задани ҷинояти хусусияти коррупсионидошта боиси рушди беадолатӣ, маҳдудгардони ҳуқуқҳои инсон, пастравии обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ҳамчун яке аз намудҳои аслии таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат мегардад.

 Дар идомаи мулоқот Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд намуд, ки қадами аввалине, ки барои пешгирии ришваситонӣ дар донишкада гузошта шуд, ин пеш аз ҳама ташкил додани муҳити тоза ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи устодону шогирдон аст.  Дигар восита ҳавасмандгардонии кормандон вобаста аз ҳаҷми иҷроиши кор ва рақобати солим байни онҳо мебошад.

Музди меҳнате, ки имрӯз кормандони донишкада ба даст меоранд, барои рӯйпӯш намудани хароҷоти рӯзмарра кофӣ буда, то дараҷаи муайян эҳтиёҷоти эшонро қонеъ мегардонад. Ин иқдом яке аз сабабҳои бартараф гардидани ба таври ғайриқонунӣ гирифтани маблағ ва масъалаҳои коррупсионӣ гардидааст.

 Моҳе як мaротибa бaйни донишҷӯён пурсишномa гузaронидa мешaвaд вa донишҷӯён мушкиливу муaммо вa бa сaтҳи дониш, мaҳорaти педaгогӣ, муҳимтaр aз ҳaмa муносибaти омӯзгорро бо донишҷӯён  бaҳои воқеӣ медиҳaнд.

Дар баромади Назира Ғаффорӣ зикр шуд, ки бо мақсади коҳиш додани раванди ришваситонӣ дар ҷамъият беш aз 12 сол aст, ки  Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия фаъолияти самаранок ва муваффакқона мебарад. Дар ин ҷода ба имзо расидани фармони Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» фаъолияти ин ниҳоди пурқудратро боз ҳам такмил дод. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза ба коррупсия бо назардошти хулосаи тадқиқоти сотсиалогӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи солҳои охир ҳалли худро ёфтанд.

Стратегияи мазкур бо назардошти ба анҷом расидани муҳлати татбиқи стратегияи пешин ва зарурати идомаи фаъолият дар самти мубориза бо коррупсия қабул шудааст. Баҳри роҳандозии стратегияи мазкур Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми корхонаву ташкилотҳо оид андешидани чораҳои таъхирнопазир бар зидди ришваситонӣ вазифаҳои мушаххас дода буд.

 

Комиссияи ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар Суғд, ки асосан аз ҳисоби роҳбарони идораҳои давлатӣ таъсис шудааст, дар самти назорат, пешгирӣ ва маърифатнокии сокинон хизмати шоиста карда меояд. Мавсуф аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки пайваста маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, дар мубориза бо ин амали номатлуб фаъол бошанд.

Дар доираи баргузории  ҳафтаи илми тоҷик бо  иқдоми Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” суръат гирифта, он дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, натиҷагирӣ шуд.

Озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду давр: даври донишгоҳӣ ва даври ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибон бо дипломи дараҷаи 1,2,3 ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд. Дар озмуни имсола аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 кори илмӣ пешниҳод гардид.

Тибқи хулосаву баҳогузории гурӯҳи корӣ 26 нафар сазовори дипломи дараҷаи якум, 49 нафар сазовори дипломи дараҷаи дуюм, 42 нафар сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва 20 нафар сазовори ифтихорнома гардиданд.

Боиси ифтихор ва саодат аст, ки ду нафар дастпаварони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – Мирмухамедова Шаҳноза дар бахши “Техника ва технология” ва Сайдалиев Муҳаммад дар бахши “Инноватсия ва ихтироъкорӣ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ин дастоварди бузургро ба донишҷӯён муборакбод мегӯем ва итминон дорем, ки сафи чунин ҷавонони ҳушманду доно солҳои минбаъда афзун хоҳад шуд.  

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоваронаи ҷавонони кишвар таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гузаронида мешавад.

 

 

 

 

Донишҷӯёни гиромӣ,

Ҷавонони соҳибиродаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон!

Фарорасии Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистонро дар  остонаи  солгарди ҷашн Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, бароятон дар раҳи илмомӯзӣ ва маърифат муваффақиятҳо таманно дорамю

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва фардосози миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ эътимоди қавӣ дошта, дар яке аз баромадҳояшон таъкид дошта буданд: Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.”.

Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат дар сиёсати ҷавонпарваронаи хеш барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, тақвияти дониш ва малака майдони фарохро боз намуданд. 

Таъсиси квотаҳо барои ҷавонони дурдаст барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, стипендияҳои президентӣ, ҷоизаҳои ба номи “Исмоили Сомонӣ”, “Дурахшандагон” ба номи “Султон Умаров”,  роҳандозӣ шудани Барномаву стратегияҳои давлатӣ ва даҳҳо дигар бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбати ҷавонон мебошад. Дар ин росто бо мақсади тақвияти дониш ва маънавиёт, бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмҳои риёзӣ, техникаву технологияи муосир бо ташаббус ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикони оинаи таърихи миллат” таъсис ёфтанд, ки соҳибистеъдодҳоро ба ҳам овард.  Ин иқдом дар қатори ҳазорон – ҳазор ҷавонони бедордил ва навовар ҷомеаи меҳнатии моро барои боз ҳам рушд бахшидани илму муосири миллӣ, татбиқи амалии лоиҳаҳо бештар водор кард. Чанде пеш дар донишкада озмунҳои  “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Беҳтарин ихтироъкорон”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”  дар сатҳи баланд доир шуда, иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорномаю тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада дар чандин озмуну олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ шарафи донишкадаро ҳимоя намуданд, ки ин  бешубҳа ифтихори мост ва роҳбарияти донишкада онҳоро сазовор қадршиносӣ мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ба ҷавонони саодатёри донишкада муроҷиатан таъкид менамоям, ки бештар аз илмҳои муосир огоҳии комил дошта бошанд, аз маҳорат ва корбарии  устодони соҳибзавқ истифода баранд, вақтро беҳтарин дӯсти худ шуморанд. Зеро роҳбарияти донишкада донишҷӯёни соҳибистеъдод, навовар, донишманду варзишкорро ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард.

Ин амали шумо барои роҳ надодан барои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва бекорӣ сипари боэътимод ҳоҳад шуд. Ҳар он амалҳои нангини террористиву экстремистие, ки имрӯз дар гӯшаву канори олам рух медиҳанд, аксаран дасти ҷавонон аст, ки аз бедонишиву гумроҳӣ ба ин роҳ рафтаанд. Мо бояд ба қадри сулҳ ва оромиву осоиштагӣ расем ва ба қавли Сарвари давлат миллатамонро соҳибӣ намоем ва шароити мусоиди таълимро самаранок истифода барем.

Ин рӯзи саид ва муборакро бори дигар ба донишҷӯёни гиромӣ шодбош мегӯям. Бигзор ҳар он орзую омоле, ки дар дил мепарваред, ҷомаи амал пӯшад.

Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон муборак!

 

 

 

Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озмуни мусавираи беҳтарин таҳти унвони “Обро муқаддас донем” байни донишҷӯёни риштаи дизайн ва меъморӣ доир шуда истодааст. Тайи як ҳафта донишҷӯён асарҳои эҷоднамудаи хешро ба маърази тамошо мегузоранд. Ба ҳунари рассомиии онҳо кулли бинандагон баҳогузорӣ хоҳанд кард.

Ғолибон дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи илми тоҷик аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устуворе ҷиҳати суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд. Ҳамзамон дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе имконияти хубе барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

Даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман”  бо иштироки беш аз 45 донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд доир шуд. Ҳайати ҳакамон, ки иборат аз мутахаасисони варзидаи соҳаи санъат буданд, ба ҳунари рассомӣ, дизайнерӣ ва маҳорати сурудхонии донишҷӯёни баҳои воқеӣ доданд. Ҳайати ҳакамон иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти тавсеаи истеъдоду ҳунар саривақтӣ дониста, ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои воқеӣ доданд.

Ҳамин тавр тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон дар бахши сарояндагӣ ҷои аввалро Нуриддинов  Шероз, донишҷӯи курси 1 гурӯҳи 910101, ҷойҳои дуюму сеюмро Саъдиева Рухшона, курси 1 гурӯҳи 50 0102 та ва Назирова Ҳабиба, курси 1, гурӯҳи 400101рб, дар бахши тасвирӣ ғолибият насиби Турсунова Нозанин, курси 2, гурӯҳи 690101 тб гардида, зинаҳои баъдиро Олимова Шоҳсанам, курси 4, гурӯҳи 690101тб ва Ғафурова Шоҳина курси 3, гурӯҳи 500102та ишғол намуданд.  Дар бахши дизайн ҷои якум насиби Маҳмудова Фарангис, омӯзгори кафедраи ТССН гардида, ҷойҳои дуюму сеюмро мутаносибан Назарова Таҳмина, курси 3, гурӯҳи 500101та ва Исмоилова Зӯҳро, курси 2 , гурӯҳи 50 0102та ишғол намуданд.

 Ба ғолибону иширокдорони чорабинӣ Сипоснома ваа тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Акнун ғолибони даври донишкадавӣ шарафи муассисаро дар даври шаҳрӣ ҳимоя хоҳанд кард. 

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ  Тоҷибой Султонӣ,  Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва собиқадори соҳаи матбуот, нависанда Мавлуда Шарипова вохӯрӣ  бо ҷомеаи устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат доир гардид.

 Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки мавзӯи меҳварии чорабинии имрӯза аз дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа шудааст,  сарчашма мегирад. Яъне ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари таҳдиди хатарҳои экологӣ, бӯҳрони иқтисодиву маънавӣ, ҳамчунин реша давонидани ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ сахт ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит намуданд, ки ба ин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бештар ҷавонон майл доранд. Зеро баъзе аз онҳо дониши казоии илмҳои муосир ва диниро надоранд ва гумроҳона ба чунин равияҳо шомил мешаванд.

Дар баромади Тоҷибой Султонӣ зикр шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Соли 1999 барои мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм»  ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» -ро  ба тасвиб расониданд.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  хуберо дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.  Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Мутаассифона, теъдоди муаяйни ҷавонону наврасон ноогоҳона ба навору нигоштаҳои муғризонаи хоинони миллат лайк мегузоранд, ки барои ҳаёти минбаъдаи онҳо хатар эҷод мекунад.

Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода қайд карданд, ки мо фаъолони ҷомеа бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки дар зиндагӣ мисли академик Муҳаммад Осимӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Мавлуда Шарипова низ  зикр намуд, ки танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити дигаргуншавии авзои сиёсии ҷаҳон ва  бештар шудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон талош варзанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Дилафрӯз Саидӣ иброз дошт, ки  мо хуб дарк мекунем, ки барои инсоният беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Ҷавонӣ давраи ҳассос аст. Танҳо он ҷавонон метавонанд дар ин марҳила муваффақ гарданд, ки соҳиби дониши қавӣ, рафтору гуфтори  нек бошад. Аз  ин рӯ устодони азизро бовар мекунонам, ки шогирдони донишкада минбаъд низ барои такмили дониш ва ихтисоси худ кӯшиш намуда, барои баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ саъю талош меварзанд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.

Дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели наздик 200 нафар хатмкунандагони ин муассисаи олӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд, Рустам Мирзомуродзода, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд, Давлатшоҳ Мирзозода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки санаи 1-уми марти соли 2023 фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд. Мутобиқи ин фармон ҷавонони синни даъватӣ вазифадоранд, ки ӯҳдадории худ, яъне қарзи фарзандию виҷдонии худро дар назди халқу Ватан иҷро намоянд. Боиси хушнудист, ки тибқи анъана донишҷӯёни донишкада аз ҳисоби хатмкунандаҳо бо амри дил ва хоҳиши худ ду сол ин ҷониб барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро изҳор медоранд. Имрӯз низ як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.
Зикр гардид, ки вақте сухан дар бораи ҳимояи марзи Ватан меравад, пеши назар симои ҷавонони бонангу номус, далеру шуҷоъ меояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони донишкада чун дар хониш бо дониши мукаммал, рафтори намунавӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ масъулиятнокӣ, далерии худро нишон хоҳанд дод.
Сипас, барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуда буд.
Дар ин рӯз бо иқдоми роҳбарияти донишкада барои хатмкунандагон дастархони идона густурда шуд.

Бахшида ба 145 - солагии зодрӯзи Қаҳромони миллат, сардафтари адабиёи муосири тоҷик, аввалин академики Академияи миллии илмҳои тоҷик  Садриддин Айнӣ дар китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Раёсати донишкада  аз тарафи кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ чорабинии маърифатӣ  гузаронида шуд.

 Мудири кафедраи мазкур Муаттара Раҳматова оид ба таълифоту эҷод ва рӯзгори Садриддин Айнӣ маълумоти муфассал дода, зикр дошт, ки дар масири давлатдории тоҷикон нақши Садриддин Айнӣ ҳамчун олим, адабиётшинос, таърихнигор хеле назаррас аст. Маҳз ин абармарди таърихӣ асолат забон ноби тоҷикӣ, адабиёти ғании онро дар аввали садаи бист ба аҳли олам шуҳратёр кард.  

Сипас донишҷуени курси 1,  гуруҳи 40.01.02 та, 40.01.01 рб, 08.01.01 та аз эҷоди нависанда шеърҳо қироат карданд, роману повестҳояшро шоиста муаррифӣ карданд.

Ёдкарди нависанда дар донишкада  идома дорад.

 

 

Ҳамасола  бо иқдоми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз доир мегардад. Имсол низ озмун дар сатҳи балан доир гардида донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд, ширкат варзиданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ба иштирокчиён, дастаҳо ва сарпарастон изҳори миннатдорӣ баён намудаанд. Гуфта шуд, ки ташкили чунин озмунҳо барои дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва таъмини мақомотҳои давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос хеле муҳим аст. Новобаста ба ҷойҳои ишғолкарда, муҳимтар аз ҳама, иштирокчиён донишҳои худро сайқал дода, мутахассиси соҳа мегарданд.

Сипас, оид ба аҳаммияти озмуни мазкур, фаъолияти мақомоти соҳаи андоз, тарзи қабул ба кор ва нақши кадрҳои болаёқат дар пешбурди сиёсати андозӣ маълумот дод.

Сипас ғолибон аз рўйи ду номинатсия муайян гардиданд: инфиродӣ ва даставӣ. Дар натиҷаи баҳодиҳии воқеӣ ва шаффофи ҳакамон ғолибони озмуни инфиродӣ Меҳрангез Зоҳирова, донишҷўйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  дониста шуд. Зинаҳои баъдиро Раҳима Раҳмонова, донишҷўйи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Умарзода Собир, донишҷўйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва Муҳайёхон Амонова, донишҷўйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Бобоев Абдухалиқ, донишҷўйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ба даст оварданд.

Ғолибони номинатсияи даставӣ ба таври зайл муайян карда шуданд: Ҷойи якум ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюм ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав лоиқ дониста шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳама ғолибон Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд. Дар охир баҳри болидарўҳии иштирокчиёни озмун аз ҷониби бахши фарҳанги ДДМИТ барномаи рангини фароғатӣ пешкаш гардид.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои донишкада, шиносои бо иқтидори илмӣ, пояи моддиву техникӣ, раванди таълим субҳи имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дари кушод барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, литсею коллеҷҳо баргузор гардид.

Саҳни бинои асосии донишкада бо намоиши дастовардҳои илмии донишкада зеб дода шуда, устодони кафедраҳо зарурият ва муҳимияти ихтисосҳои худро барои толибилмон муаррифӣ намуданд. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз навтарин муассисаи олии кишвар мебошад, ки дар ин боргоҳи таълим ҷиҳати амалишавии чор ҳадафи стратегии мамлакат муҳандисони соҳаҳои сохтмон, меъмор,  алоқа, энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, барномасозону иқтисодчиён, молияшиносону тарроҳон  ва агротехнологҳоро омода карда мешавад.

Беш аз ҳазор нафар довталабон аз 7 толори лексионӣ, 48 озмоишгоҳ, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимиву таҷрибавӣ, 1 маркази таълимӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 4 кабинети лингафонӣ, 2 толор ва майдони варзишӣ дидан карда, шавқ ва хоҳиши идома додани таҳсилро дар донишкада иброз доштанд.  Ба толибилмон махсусан самаранок истифода бурдани 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо , ҳамкории мутақобила бо ширкату коргоҳҳои ҳудуди кишвар, ташкили кафедраи сайёр ва ҳамовора илмро ба амалия татбиқ намудани устодони донишкада писанд афтод.Бо ҳузури беш аз 500 нафар довталабон дар маҷлисгоҳи асосии донишкада мулоқоти озоду шаффофи директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид. Номбурда ҷавонони даврони соҳибистиқлолро аз насли хушбахти айём дониста, таъкид дошт, ки таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти дониш, ҳунар ва малакаи ҷавонон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Махсусан бо ташаббуси Сарвари давлат ба хотири бедор намудани шавқи ҷавонон ба илмҳои муосир солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида, иқдоми дигар дар ин самт - ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” барои ҷавонон роҳи васеи илмомӯзиро кушод. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат буд, ки хатмкунандагони донишкада дар давоми 10 соли охир дар бонуфузтарин ширкатҳои бонкӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, саноат, сохтмон фаъолияти густурда доранд. Чорабинии имрӯза шиносоии наздик бо дастовардҳои донишкада маҳсуб шуда, орзуҳои довталабонро ба хотири интихоби дурусти касб амалӣ менамояд.

 

Муяссар Ҳайдарзода, мудири шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз ҳамкориҳои самарабахши Раёсати маориф ва донишкада ёдовар шуда, зикр дошт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз бузургтарин муассисаи олии касбии мамалакат дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар омодасозии мутахассисони соҳибкасб махсусан дар техникаву технология, рушди соҳаҳои саноат, истеҳсолот нақши мондагор дорад.

Аз ҷониби Раёсати донишкада ба хотири санҷиши дониши довталабон озмуни “Донишманд” дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон” баргузор гардид. Маълум шуд, ки ҷавонон иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлатро нисбати эҳтироми ва гиромидошти неъмати бебаҳои табиат – об дастгирӣ мекунанд ва ин мавзӯро хуб азхуд кардаанд. Дар натиҷа бо баҳодии ҳайати ҳакамон дастаи “Федченко” бар дастаи “Зарафшон” пирӯзӣ ба даст овард.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокдорони озмуни “Донишманд” аз ҷониби роҳбарияти донишкада Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз ҷониби аҳли ҳунари донишкада, ки ҳамагӣ донишҷӯён мебошанд, барномаи рангини суруду рақсҳо пешкаши довталабон карда шуд.

Аксарияти довталабон таассуроти амиқ аз Донишкада гирифта, омодагии худро барои супоридани ҳуҷҷат ба ин боргоҳи маърифат иброз доштанд.