Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ маҳсуб мешавад.

Ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иқдоми Сарвари давлатро қадами қатъӣ барои таҳкими маънавиёту фарҳаниги бою қадима дониста, давоми се моҳ байни донишҷӯён муҳтавиёт ва моҳияти озмунро фаҳмониданд.

Рӯзи гузашта 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён доштанд, ки дар бораи рушди техникаву технология, бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ орад, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ.

Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон дар бахши назм пирӯзӣ насиби Сайфура Нозимова, донишҷӯи курси 1 ихтисоси Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Ибодулло Назарзода, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ ва Барно Ҳоҷибоева, донишҷӯи курси 2, ихтисоси  Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд ишғол намуданд. Дар бахши наср мақоми аввалро Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ  ва мақоми сеюмро Алишерхон Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Хизматрасонии автомобилӣ касб кард.  Хуршеда Камолова, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо барои ширкати  фаъолона бо Ифтихорнома тақдиронида шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорон Ифтихорномаҳои Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Дар қисмати фарҳанги донишҷӯёни донишкада бо суруду рақсҳои дилошӯб хотири ахли нишастро шод намуданд.

 

Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Раёсати донишкада ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада ташкилу баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи корбарии донишҷӯён дар самти иҷрои вазифаҳои пурмасъулият, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарикунанда, ҷалби бештари ҷавонон ба омодакунии низоми идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.  Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз таввасути худидоракунӣ, донишҷӯён фаъолияти худро дар самтҳои гуногун, чорабиниҳои тарбиявии донишгоҳ зери назорат гирифта кор карда метавонанд.

Санаи 6 июни соли равон дар толори донишкада ҷамъбасти ҳафтаи худидоракунӣ ва Рӯзи ҷавонон доир гардид. Чорабинӣ бо қисми тантанавӣ оғоз ёфт. Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз донишҷӯёнро табрик намуда, аз ҷумла, афзуд: “Мақсади ниҳоии мо дар ҳафтаи худидоракунӣ ин буд, ки нерӯи зеҳнӣ, идеяву пешниҳодҳои Шумо минбаъд дар раванди идоракунии донишкада ба инобат гирифта шавад. Зеро таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи дунё нишон дода истодааст, ки такя кардан ба кадрҳои соҳибистеъдоди ҷавон давлатро пойдор ва пешрав мегардонад. Имрӯз вақти он расидааст, ҷавононро ба он одат кардан зарур аст, ки мустақилона аз пайи ҳалли мушкилотҳои дар раванди таълиму тарбия пайдо шудаи хеш шаванд. Аммо дар шароити имрӯза мавқеи фаъоли мустақилияти донишҷӯён хеле кам ба назар мерасад. Ин аз як тараф камбудии мо масъулин бошад, аз ҷониби дигар ин бетарафии донишҷӯёни фаъол нисбати ҳамсолони худ аст. Мо бояд ташаббускор ва масъулиятшинос бошем. Барои хубу босифат гузаштани раванди машғулият, чорабиниҳои берун аз донишгоҳи на ба тарзи маҷбурӣ, балки сидқдилона бо амри дили худ ҷалб гардем”.

Аз ҷониби директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз  20 нафар донишҷӯёни ҳафтаи худидоракунӣ, 5 нафар ғолибони олимпиада, 12 нафар варзишгарон, 4 нафар омӯзгорони ҷавон, дастаи “Enactus” –и донишкада, ғолибони мусобиқаи хурд оид ба футболи донишкада – факултети информатика ва энергетика қадршиносӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар сатҳи баланд намоиш дода шуд. Сурудҳои “Ҷавонӣ”, “Попурӣ”, “Яблоко любви”, суруди ӯзбекӣ, “Пешвои миллат” бо маҳорати баланди донишҷӯён сароида шуд.

Бо ҳамин Рӯзи ҷавонон ва ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада ҷамъбаст гардид.

Кафедраи сохтмони факултети сохтмон ва нақлиёт дар доираи моҳвораи ҷавонон бори нахуст дар ҷумҳурӣ миёни донишҷӯён озмуни геодезӣ баргузор намуд. Мутобиқ ба низомномаи озмун  донишҷӯён бо харита ва компас муҷаҳҳаз гардида, аз рӯи он 10 нуқтаи назоратиро бояд меёфтанд. Дар даҳ нуқтаи назоратӣ устодони факултет ҳозиршавии донишҷӯёнро мавриди назорат қарор гирифтанд.

Озмуни мазкур барои баланд бардоштани завқи касбияти донишҷӯи дар риштаи сохтмон таҳсилмекарда мусоидат намуд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ин иқдоми кафедраро нек арзёбӣ намуда, баён дошт, ки ҳамин гуна чорабиниҳо завқ ва шавқи донишҷӯёнро ба таҳсили илм зиёдтар мекунад.

Озмун оғоз ёфт ва 24 нафар донишҷӯёни фаъол, ҳушманд ва чаққон барои ҷустуҷӯи нуқтаҳои назоратӣ, ки аз донишкада оғоз ёфта, то бозори марказии Панҷшанбе ҷойгир буд, шуруъ намуданд. Давоми беш аз 1,5 соат донишҷӯён 10 нуқтаи назоратиро ёфта, аз қайд гузаштанд. Ҳамин тавр, донишҷӯ Муслимбек Қодирқулов дар муддати 25 дақиқаю 22 сония ҳамаи 10 нуқтаи назоратиро дарёфта, ба хатти ниҳоӣ расид. Зинаҳои баъдиро Далерҷон Абдуҷабборов, дар фосилаи 25,3 ва Одил Эргашев дар фосилаи 26,24 тай намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касаби донишкада мукофотҳои пулӣ ба ғолибон дар ҳаҷми аз 400 то 200 сомонӣ тақдим карда шуд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар яке аз иштирокдорони мусобиқа бо либоси махсуси рамзи донишкада дар мусобиқа ширкат варзида, фаъолнокии худро нишон доданд. Дар назар аст, ки чунин мусобиқаҳо дар остонаи ҷашни Ваҳдат боз гузаронида мешавад.  

Бо мақсади бештар огоҳӣ пайдо намудани донишҷӯён аз кору фаъолияти донишкада, аз наздик шинос шудан бо ҳамаи шуъбаҳои Раёсат ҳамасола дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол баргузор мегардад.

Чун анъана ба муносибати моҳвораи ҷавонон бо икдоми директори  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шахри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ  Саидӣ Дилафрӯз Раббизода  дар донишкада ҳафтаи худидоракунӣ эълон карда шуд.

Санаи 28 майи соли равон барои ҷалби донишҷуён ба вазифаҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории Раёсати донишкада озмун гузаронида шуд. Дар озмун муовини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед, муовини директор оид ба тарбия Довудов Зариф, муовини директор оид ба илм Ахмедов Усмонҷон ва ҳамаи сардорони шуъбаҳо ширкат варзида, аз донишу маҳорати иштирокчиён воқиф гардиданд. Аъзоёни комиссия  бо донишҷуён сӯҳбат гузаронида, ҳамчунин, аз дониши сиёсии онҳо бохабар гардиданд.

 Донишҷӯёне, ки ба вазифаҳои мувофиқ соҳиб шудаанд, бояд аз санаи 29 май мувофиқи интизоми меҳнатӣ ба вазифаи худ шуруъ намуда, фикру ақидаи худро нисбати фаъолияти шуъба баён намуда, малакаи роҳбарии хешро нишон диҳанд. Ҳамаи донишҷӯён бо сардорони шуъбаҳо,  нақша ва самти асосии фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардиданд ва бояд  нақшаи якҳафтинаи худро ҳамчун сардорони шуъба таҳия намоянд.

Доир ба рафти ҳафтаи худидоракунӣ дар донишкада аз ҷониби донишчуён боз маълумот хоҳем дод.

 

Дар доираи моҳвораи ҷавонон дар сар то сари кишвари азизамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ доир шуда истодаанд. Дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни омӯзгорони (бонувони) муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба баскетбол аз 13 май то 16 май дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ бонувони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳо фаъолона ширкат варзида маҳорати худро нишон доданд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш гузаронида шуда, дар натиҷа дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиб гардид ва Ҷоми кумиҷроияро соҳиб шуд. Зинаи дуюмро вазишгарбонувони дастаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва зинаи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ишғол карданд.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа, муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Шарифҷон Аминзода қайд кард, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонувон дӯстиву якдигарфаҳмиро тақвият бахшида, ҷамъиятро ба ташаккули тарзи ҳаёти солим раҳнамун месозад.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст.  Зеро давоми чанд соли охир дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои пешрафти ин соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад. Намунаи барҷастаи ин таваҷҷӯҳ ғолибияти гурзандоз Дилшод Назаров ҳаст, ки ӯ аввалин варзишгарест, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварамон медали тиллоии олимпиро овард ва ҳамчунин Қаҳрамони Осиё гардид. Раиси кумиҷроия аз иштирокчиёни мусобиқа ва ҷавонони дар толор буда даъват ба амал овард, ки ба варзиш бештар машғул гардида, ҳамсолони худро низ ба корҳои муфид ҷалб намоянд.

Дар расми тантанавӣ аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроия супорида шуд.

 

 

 

 

Дар доираи лоиҳаи ҳамкории HECAFS “Таҳсилоти олӣ барои низом ва стандартҳои маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” санаҳои 13 - 18 май дар Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззоқов  семинар дар мавзӯи “Баҳодиҳии татбиқи модулҳои таълимӣ” ва конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи “Модернизатсияи таҳсилоти олӣ ба манфиатҳои истеҳсолотҳои хӯрока ва коркардкунанда” доир гардид. Дар кори семинар устодони донишкада - Дилрабо Комилова, Сулҳия Баҳодурова, Дилшод Набиев ва Шӯҳрат Мақсудов  таҳти роҳбарии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ширкат варзиданд. 

Ҳамчунин дар семинар ҳамкорони лоиҳа Донишгоҳи аграрии Краков (Полша), Донишгоҳи илм  оиди ҳаёт ва технологияи Латвия, Донишгоҳи илм оиди ҳаёти Литва, Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон, Донишгоҳи иқтисодии Қирғизистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон иштирок доштанд.

Мутобиқ ба нақша дар се рӯзи аввали семинар  ҳамкорони лоиҳа аз тарафи мактабҳои олӣ   фаъолияти  се солаи худро дар доираи лоиҳа натиҷагирӣ намуданд.

Дар ҷараёни кори семинар мудири кафедраи маҳсулоти хӯрокаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Дилрабо Комилова оиди корҳои иҷрошуда дар доираи лоиҳаи HECAFS  ба ҳозирин ҳисобот дод. Қайд шуд, ки  ҳамкории кафедра бо истеҳсолкунандагон дар доираи лоиҳа қавитар гардида,  талабот ва хоҳиши истеҳсолкунандагон ба мактаби олӣ дар мадди аввал гузошта шуд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи ҳамкории HECAFS устодони кафедра такмили ихтисос намуда, дар семинарҳо, сафарҳои корӣ, конференсияҳо фаъолона ширкат варзидаанд. Инчунин дар мӯҳлати муқарраршуда бо ҳамкорӣ бо устодони Донишгоҳҳои Аврупо ба мундариҷаи 20 фани таълимӣ ва 15 барномаҳои таълимии корӣ (модулҳо) тағиротҳо аз нуқтаи назари стандартҳои байналхалқии Global G.A.P. ва HACCP тағирот ворид карда шуд.

Аз рӯи барноми ҳамкорӣ ба нақша гирифта шуда, аз санаи 17 сентябри соли гузашта то 3 – юми декабр устодони донишгоҳҳои Аврупо -  аз Донишгоҳи илм оиди ҳаёт ва технологияи Латвия, Донишгоҳи аграрии Краков (Полша) ва Донишгоҳи илм оиди ҳаёти Литва ба гурӯҳҳои академӣ оиди стандартҳои байналхалқии Global G.A.P ва HACCP  ба доиншҷӯёни ихтисосҳои технологияи маҳсулоти хӯрока сабақ омӯзонидаанд. Машғулиятҳо муовифиқи кредитҳои ҷудошуда бо забони русӣ ва англисӣ сурат гирифтанд. Аз тарафи устодони донишгоҳҳои авруппо ба сатҳи дониши дониҷӯён, бахусус донистани забонҳои хориҷӣ баҳои баланд дода шуд Ҳамчунин дар ҷараёни таълим  устодони донишгоҳҳои мазкур  ба ҳаҷми 32 соат ба устодони кафедра дарсҳои омӯзишиву роҳнамоӣ доири стандартҳои байналхалқӣ гузронидаанд.

Дар маҷмӯъ, муддати 3 соли ҳамкорӣ 3 барномаҳои таълимии ихтисосҳои кафедра, ки барои ҳамкорӣ интихоб шуда буданд, сифатнок гузаронида шуда,  17 нафар устодони кафедра дар машғулиятҳои дастурдиҳӣ ва роҳнамоӣ ширкат варзиданд. Дар раванди таълим 12 гурӯҳҳои кафедра, 138 нафар донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, 88 воҳиди адабиётҳои таълимӣ аз тарафи лоиҳа харидорӣ карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки  бо мақсади ғанӣ кардани базаи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои кафедра аз тарафи лоиҳа таҷҳизотҳои муосир аз қабили спектрофотометр, таҷҳизот барои муайян кардани сифати шир, истгоҳи обу ҳаво, таҷҳизотҳо барои муайян кардани хосиятҳои хок, намиченкунаҳо, таҷҳизот барои муайян кардани хосиятҳои ғалла, мева, сабзавот ва ғайраҳо харидорӣ карда шудааст, ки ҳамаи ин имкониятҳо барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноати хӯрока ва кишоварзӣ мусоидат мекунад.  

Ҳамин тавр муддати 3 рӯз масъалаҳои баҳодиҳии татбиқи модулҳои таълимӣ дар давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкорони лоиҳа моҳи августи соли равон ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ташриф оварда, раванди татбиқи лоиҳа, фаъолияти озмоишгоҳҳоро хоҳанд дид. Ва дар назар аст, ки натиҷагирии раванди иҷроиши лоиҳаи ҳамаи ҳамкорон  дар ин ҷо низ баррасӣ мешавад. 

Санаҳои 16-17 май дар доираи кори лоиҳа конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи “Модернизатсияи таҳсилоти олӣ ба манфиатҳои истеҳсолотҳои хӯрока ва коркардкунанда” ташкил карда шуд.

Дар ин конференсия намояндаҳо аз мактабҳои олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, намояндаҳои мақомотҳои давлатии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки барои бехатарии маҳсулоти хӯрока ва татбиқи стратегияҳо барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ҷавобгаранд, аъзоёни консонсиуми HECAFS, агентиҳои машваратӣ, ки стандартҳои байналхалқии сифат ва бехатарии ғизоро ворид менамоянд, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки лоиҳаҳоро дар Осиёи Миёна тадбиқ менамоянд, намояндаҳои сектори хариду фуруши маҳсулоти хӯрока фаъолона ширкат варзиданд.   

Мақсади ташкили чунин конференсия ин муҳокимаи пешравии ҷараёни татбиқи тадбирҳо оид ба такмили таҳсилоти олии касбӣ ва андешаи чораҳо барои ҳамкории минъбада байни тарафҳои манфиатдор дар беҳтар намудани мундариҷа ва сифати таҳсилоти олӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроква дар Тоҷикисон ва Қирғизистон буд.

Дар ин конференсия масъалаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ, ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагон, мушкилӣ ва талаботҳои онҳо, зарурати вориди кардани стандартҳои байналхалқӣ дар Осиёи Миёна, тарафҳои мусбӣ ва манфии он, муаммоҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Миёна ва ғайра муҳокима гардидаанд.

Дар кори конференсия директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, Дилрабо Комилова ва Сулҳия Баҳодурова оиди масъалаҳои зикргардида баромад намуда, хулосаҳои худро дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи озуқаворӣ ва самараҳои ҳамкорӣ баён доштанд.

Ҳамин тавр дар давоми ду рӯзи кори конференсияи байналхалқӣ ҷамъбаст карда шуда, фаъолияти минбаъда тарҳрезӣ шуданд.

 

 

 

  

 

 

 

 

Дар сиёсати меҳварии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми ҷавонон ҷойгоҳи хосса дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷавононро нерӯи созанда ва фардосози миллат унвон карда, ҳанӯз се сол қабл Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода буданд. Дар пайравӣ ба ин ташаббус ҳамагӣ чанд рӯз қабл бо доираи васеи ҷавонони фаъоли вилоят бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят ташкил гардид, ки роҳбарии онро бевосита худи Раиси вилоят бар дӯш доранд.

Бахшида ба солҳои рушди сайёҳӣ ва деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи ҷавонон дар толори Донишкадаи политехникӣ Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

Дар конференсия сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, намояндаи Раёсат Абдуллоев А., мудирони созмони ҷавонони ДДҲБСТ, ДДХ ба номи Б. Ғафуров, Коллеҷи омӯзгорӣ, ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ширкат доштанд.

Ҳамзамон намояндагони кумитаҳои ҷавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳти шиори «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» тайи ду рӯз меҳмони Суғдзамин гардида, аз донишкада низ дидан намуданд, дар толор ширкат доштанд.

Конференсияро Каримзода Мирзоқосим оғоз намуда, аз дастовардҳои ҷавонон сухан ронд. Зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 5 нафар олимони ҷавон, 519 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуда, аз онҳо 31 нафар сазовори  ҷойи 1, 75 нафар ҷойи 2, 174 нафар ҷойи сеюмро касб намудаанд. Варзишгарони вилоят дар 124 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.

Намояндаи Раёсат Абдуллоев А. низ баромад намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар сухан ронд. Мавсуф қайд кард, ки нақши ҷавонон дар муаррифии фарҳанги миллӣ басо назаррас аст. Мудири бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Масаидов оид ба  ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон сухан ронд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки «Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Бурдани тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани Ватан, барпо кардани оилаи усутувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад».

Мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Саломов Дилшодбек, мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ Мирзобоев Мирзоҷон низ оид ба саҳми ҷавонон дар пешравии кишвар ва соҳаи сайёҳӣ маърӯза намуданд. Дар баромадҳо зикр шуданд, ки  мо, ҷавонон бояд ба эътимоду боварии Сарвари давлат ва ҷомеаи муосир сазовор бошем. Бо дониши мукаммалу рафтори намунавӣ ҳамсолони хешро ба сӯи созандагиву пешравӣ раҳнамоӣ кунем. Зеро ин рисолати ҳар яке аз мост ва ин масъулият ва салоҳият боварии комил дорем, ки моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав мегардонад.

Бо ҳамин конференсия анҷом ёфт.

Донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамасола моҳи май – фасли гулшукуфтанҳо дар сар то сари кишвари азизамон   ҷавонони саодатманди диёр бо ифтихори бузургу шодмонӣ фаъолияти бурдборонаи хешро натиҷабардорӣ мекунанд. Ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қишри ояндасоз мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерӯи азиму тавоно ва навовару ташаббускор унвон карда, зикр доштаанд: «“Ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷавонони соҳибмаълумот, кордону ҳунарманд, мутахассиси соҳибкасби ба талаботи замона ҷавобгӯй заруранд. Ба ин кор танҳо бо воситаи ҷустуҷӯйҳои нави эҷодӣ, тарбиявӣ, илмӣ, ҳамчунин таҷрибаю маҳорати омӯзгорони эҷодкорро истифода бурдан, бо худомӯзӣ машғул шудан дар таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шудан мумкин аст».  Бо дарки муҳиммияти илму фарҳанг ва ҷалби ҷавонон ба китобхонию донишандўзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, барои тарбияи мутахассисони варзида чораҳои муассир меандешанд. Дар сатҳи давлат таъсиси квотаҳо ба ҷавонони дар минтақаҳои дурдаст мезиста, роҳандозии ҷоизаҳои махсуси ба номи Исмоили Сомонӣ, академик Султон Умаров ва “Дурахшандагон”, таҳти сарпарастӣ гирифтани озмуни китобхонӣ бо номи  “Фурӯғи субҳи доноӣ” далели амалишавии даҳҳо Барномаҳои давлатӣ мебошад.

Маҳз таваҷҷӯҳи хоссаи Сарвари давлат аст, ки шумораи муассисаҳои тахсилоти олии касбӣ ба 39 адад расида, дар он наздики 270 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунанд. Гузашта аз ин, беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. 72 мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, беш аз 150 ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва 63 марказҳои ҷавонон аз қайд гузашта, бо ҷавонон сару кор мегиранд ва ба ин қишри фаъоли ҷомеа хизмат мерасонанд.

Раёсати донишкада низ дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат ва дастуру нишондоҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсилу тарбияи донишҷӯён кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баланд бардоштани нерӯи зеҳнии донишҷӯён, кашфу дастгирии  истеъдодҳои навовару ҳушманд, ғамхориҳои пайваста намудан ба ҷавонони ятиму камбизоат рисолаи аслии мо мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар остонаи моҳвораи  ҷавонон донишҷӯёни фаъоли мо Манучеҳр Музаффаров, Саидиқбол Сангинов ва Шаҳзод Толиббоев таҳти роҳнамоии устодони худ Заррина Акрамова, Сардор  Ғуломнабиев ва Одилхӯҷа Солиев дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мақомҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Навиди хуш боз дар он аст, ки устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика Илёсхӯҷа Исломов дар Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянови Федератсияи Россия рисолаи номзадиро ҳимоя намуд. Умуман дар давоми 4 соли охир  19 нафар устодони донишкада рисолаи номзадӣ ва доктории худро ҳимоя карданд, ки дастоварди хуб аст.

Дастаҳои футболболбозону бакскетболбозони донишкада ғолиби мутлақи мусоибқаи вилоятӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ гардид.

Тибқи фармоиши директори донишкада дар арафаи Рӯзи Президент 614 нафар донишҷӯён, аз он ҷумла:  тариқи квота(350 сомонӣ), буҷавӣ таҳсилкунанда (310 сомонӣ), ятимон (500 сомонӣ), маъюбон (500 сомонӣ) ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат (500 сомонӣ) бо кӯмакпулии яквақтина мукофонида шуданд. Ҳамаи донишҷӯёни ятими кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шуда, эҳтиёҷмандон бо хобгоҳ тариқи ройгон таъмин ҳастанд.

Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо боварии комил дорам, ки ҳар як ҷавони бонангу ор дастоварду арзишҳои миллиамонро ҳифз намуда, барои ободии диёр, содиқ мондан ба сиёсати маънавиасоси Пешвои муаззами миллат саъю талош меварзанд.

Ҷашни ҷавонӣ муборак!

Бахшида ба 75-умин солгарди Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики АУБ МО, профессори фахрии донишгоҳи Техаси ИМА, доктори илмҳои иқтисодӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Назаров Абдушукур дар донишкада  конференсияи илмӣ-амалии “Рушди устувори иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон ва мавқеи олимон дар амалишавии он” доир гардид. Конференсияро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оғоз намуда, намояндагони мақомотҳои гуногунро бо ҳозирин шинос намуд.

Оид ба фаъолияти илмӣ-педагогии профессор Назаров Абдушукур муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов Усмонҷон баромад намуда, ҳозиринро бо фаъолияти пурсамари устод ва хизматҳои шоён дар ҷодаи иқтисодиёти кишвар шинос намуд. Оид ба дастовард ва муваффақиятҳои илмии Назаров Абдушукур филм намоиш дода шуд. Муовини раиси вилотяти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни суханронии хеш номаи муборакбодии МИҲД-и вилоят, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба соҳибҷашн қироат намуд.

Муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода низ номаҳои табрикотии МИҲД-и шаҳрҳоро ба соҳибҷашн расониданд. Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Хуршед Абдурашидов низ аз номи раёсат устодро табрик намуд. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода аз дастовардҳои илмии Назаров Абдушукур ёдрас гардида, номаи муборакбодии коллективи донишгоҳро расонид.

Маърузаи профессор Авезов А.Х дар мавзӯи «О применение экономико-математических методов в экономических исследованиях и совершенствовании муниципальной системы в Таджикистане в трудах профессора Назарова А.А» шунида шуд. Маърӯзаи дигар таҳти унвони «Исследование проблем и факторов роста производительность труда юбиляром» аз ҷониби профессор Бойматов А.А пешкаши ҳозирин гардид. Профессор Аминов И.А. бо номи “Научные труды юбиляра о развитии малого предпринимательства в Таджикистане” шунида шуд. Аз номи аҳли пайвандон духтари соҳибҷашн – дотсенти ДДҲБСТ Авезова М. соҳибҷашнро табрик намуд.

Бояд қайд намуд, ки Назаров Абдушукур Абдураҳимович муаллифи зиёда аз 180 асарҳои илмӣ-педагогӣ, 11 монография ва 12 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад. Бо ташаббуси ӯ дар назди ҳавлиаш китобхонаи шахсӣ ба номи бобои мавсуф Шайх Муҳаммадсултон Маъсумии Хуҷандӣ ва профессор Назаров Абдушукур бунёд шудааст, ки дорои зиёда аз 8 ҳазор китобҳои равияҳои гуногун мебошад. Ба Назаров Абдушукур дар вазъияти тантанавӣ нишони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Санаи 22 майи соли равон дар Қасри ҷавонони  ба номи Лоиқ Шералӣ Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, доираи васеи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, шуъбаи маориф, мақомотҳои дахлдор ва ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд доир гардид. Ҷаласаи мазкурро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз намуда, бо рӯзномаи он шинос намуд. Дар ҷаласа ду масъалаи асосӣ дида баромада шуд, ки  якум дар бораи рафти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баргузории Ҷаласаи якуми Шӯрои милли кор бо ҷавонон ва дуввум тасдиқи нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавононро дар бар гирифт.

Оид ба масъалаи якум мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Ғафуров Абвусосид ва бобати масъалаи дигар мутахассиси бахши кор бо ҷомеа Юсуфӣ Усмонҷон баромад намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ ҷавононро бо идашон табрик намуда, қайд намуд, ки ояндаи давлат дар дасти онҳо мебошад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намуда,  барои фароҳам овардани шароити таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии ҷавонони фаъол, аз ҷумла, хонандагон, донишҷӯён, варзишгарон дар асоси қарори Раиси шаҳр  «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2018-2019» ба ҷавонони фаъол стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Дар озмун барои дарёфти стипендияи мазкур баъди баргузории озмунҳо беҳтаринҳо муайян шуда, 100 нафар сазовори унвони гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҷавонони фаъол, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯён шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни донишкада Музаффаров Манучеҳр, Ҷӯраев Мӯҳсинҷон, Темирова Мижгона ва варзишгар Тоҷибоев Баҳрулло ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки 16 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон гирандаи Стипендияи Раиси вилояти Суғд гардида буданд.  

 

8 майи соли равон дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба маросими тантанавии гулгузорӣ доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Раиси вилоят пас аз гулгузорӣ дар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеаи мудҳиштарини асри ХХ маҳсуб ёфта, дар ин ҷанг дар баробари дигар халқу миллатҳо ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд.

Таъкид карда шуд, ки шуҷоату диловарӣ ва истодагарии фарзандони ватандӯсту ватанхоҳи мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва дарси ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст. Аз вилояти Суғд дар ин набардҳои хунин 76 ҳазор нафар иштирок кардаанд ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои онҳо барои имрӯзиён ҳам дарси шуҷоату мардонагӣ аст.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Сипас, ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиё, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, афсарону сарбозони гарнизони Суғд, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва дигарон бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.

Аз ҷумла роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ бо нишони қадршиносӣ ба музаффариятҳои бобоёни мо дар назди  Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи онҳоро бо некӣ ёд намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд 73 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 5000 сомонӣ ва аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи 2000 сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуданд.