Субҳи имрӯз тибқи анъанаи солҳои пешин нахустин гурӯҳи наваскарони даъвати баҳорона аз ҳисоби ҷавонони вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар   шуданд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз 7 ҳазор ҷавон, афсарону сарбозон, фаъолони вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маъракаи муҳим ҷомеаи устодону шогирдони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, бо парчамҳи давлатӣ наваскаронро гусел намуданд.

  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ зикр кард, ки артиши миллӣ сипари тавоно ва кафили осудагиву амнияти мамлакат дониста мешавад. Раиси вилоят ба фарзандони далеру шуҷоъ, ки бо хоҳиши худ  хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, фатҳи қуллаҳои баланди мардонагиву матонатро таманно намуд.

Аз миёни даъватшавандагон, хатмкунандаи ихтисоси барномасозии факултети информатика ва энергетикаи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Фирӯз Раҳмонов сухан карда, баён дошт, ки орзуҳоям амалӣ гардиданд. Бояд гӯям, ки аз як тараф волидонам барои баланд гардидани эҳсоси ватандорӣ замина гузошта бошанд, аз сӯи дигар ҳар ҳарфу ҳиҷои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуданд, то бо хоҳиши худ ба хизматӣ ҳарбӣ равам. Аз ҳамсолони худ даъват мекунам, ки барои ҳифзи марзу бум ҳамеша омода бошанд.

   

Дар чорабинии тантанавӣ бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии нонгазон низ сурат гирифт.

 Сипас барои иштирокчиёни чорабинӣ бо ҳузури санъаткорони номии вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.

 

 

Дар доираи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳр Хуҷанд конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Муаммои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираи обӣ” бо иштироки роҳбарони муассисаҳои олӣ, коршиносон доир гардид.

Усмонҷон Ахмедов, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, салому паёми директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли ҳозирин расонид.  Мавсуф дар баромадаш зикр дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро аз ҷониби давлати Тоҷикистон қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.

Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо ҳиси баланди худшиносӣ, садоқат ба ватандорӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 дар рӯзҳои ҷашни байналмилали Наврӯз, ки ташаббускораш ҷониби Тоҷикистон буд, дар Созмони Миллали Мутаҳид шуниданд.Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Ҳозирин филми мустанадеро вобаста ба обшавии босуръати пиряхҳо дар қаламрави Осиёи Миёна ва паёмадҳои он тамошо карданд.

Вобаста ба муҳимияти ташаббуси мазкур, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо,  пиряҳхо ва ҳифзи он, дидгоҳи нав дар рушди истифодаи оқилонаи об Зафар Розиқов, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Турди Турдиев, дотсенти кафедраи географияи табии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”,  Толмас Сайфуллоев, омӯзгори калони кафедраи агротехнология ва экологияи саноатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, ва Абдувалӣ Ҳомидов, директори Маркази обу ҳавосанҷии вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Нотиқон баён доштанд, ки мушкилоти нарасидани оби тозаи ошомиданӣ аз асри XX ин ҷониб мушкили глобалии замони мо ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 40% аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ  азият мекашанд. Тибқи омор, тақрибан 1/5 аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар он ҷо оби тозаи ошомиданӣ басандагӣ намекунад.  Илова бар ин, 1/4 аҳолӣ бинобар набудани инфрасохтори зарурӣ барои кашидани он аз обанборҳо ва дарёҳо аз норасоии об дучор мешаванд. Ҳамзамон давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар тақрибан ба 10С афзоиш ёфтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда расонидааст. Аз соли 1930 то ин ҷониб масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Обшавии солонаи пиряхҳо дар Тоҷикистон 10-20% оби дарёҳои калон ва дар солҳои хушку гарм то 70%-ро ташкил медиҳад. Танҳо соҳибхирадӣ, сиёсати дурнигарии Пешвои муаззами миллат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки барои ҳифзи неъмати бебаҳои табиат, яъне об сарҷамъона талош варзем.

Конференсия бо саволу ҷавоб байни иштирокдорон ва коршиносон ба кори худ анҷом бахшид.

 

 

 

 

Чоп шудааст: 13.01.2023 21:50

Муаллиф: Олга МИТРОФАНЕНКОВА

 

Дар бораи муаллиф: Олга Евгенйевна Митрофаненкова - номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия. Мавод як қисме аз матни барои маҷмӯаи мақолаҳо омодашуда мебошад.

 

Бо вуҷуди он ки соли 2001 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии «Озодии шикастнопазир» ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Россия) қариб пурра торумор шуда буд, вале моҳи августи соли 2021 онҳо тавонистанд дубора дар Афғонистон ба сари қудрат баргарданд. Албатта, дар бозгашташон сарчашмаҳои маблағгузорӣ нақши муҳим бозиданд ва ба онҳо на танҳо барои барқарор шудан, балки дубора ба даст овардани нуфуз ва назорати кишвар мусоидат карданд.

Соли 2001 пас аз вуруди неруҳои хориҷӣ бо сарварии ИМА ба хоки Афғонистон, ҳаракати Толибон аз сари қудрат дур карда шуда, қисми зиёди ин гурӯҳ дар Покистон паноҳ бурданд. Дар ин давра, Толибон барои барқарор кардани қудрати худ ба захираҳои молиявӣ ниёз доштанд.

Вазифаҳои асосии Толибон дар аввали солҳои 2000-ум мустаҳкам кардани неруҳо ва инчунин баргардонидани мавқеи қаблии худ дар Афғонистон буд.

Дар нахустин ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки санаи 27 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ  доир гардид, муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов иштирок намуд.

 Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати  муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед  сурат гирифт.  Мавсуф қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷўёнаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.

 

Сипас, ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, дар он 4 масъала:

-интихоби раис, муовинон ва котиби Шуро;

- баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои соли 2023;

-баррасии масъалаи “Оид ба ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти касбии зертобеи вазорат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе”;

-таҷрибаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ҷониби Рамазон Абдуллозода - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҷаласаҳои минбаъдаи Шурои мазкур тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қабл аз баргузории ҷаласаи мазкур дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид.

 

 

Муқаддима

         Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат   мебошад.

Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.

Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)

Чунин хулоса бо далелҳои эътимодбахш тасдиқ карда мешавад: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт» (Ҳамон ҷо. – С.4).

Аз муҳимтарин масъалаҳои дигаре, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуд, вазъи соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ  дар солҳои наздик ва дарозмуддат мебошад. Мавзуи баҳси мо ҳамин ҷанбаҳоро дар бар мегирад.

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти прокуратураи вилояти Суғд вохӯрии сардори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 муҳтарам Ализода Рауфхон бо устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Паёми 24 – умини Сарвари давлат, ки бо таҳлили амиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷсоли охир бозгӯи онро дорад, ки сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро сокинони кишвар ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Новобаста аз паёмадҳои бемории сироятӣ, коҳиш ёфтани додугирифти тиҷоратӣ бо хориҷи мамлакат рушди иқтисоди миллии мамлакат дар сатҳи 7, 3 фоиз боқӣ монд, ки ин рақами хушҳолкунанда аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллирад ба 115 миллиард сомонӣ расидан худ далолати пешрафти бесобиқаи кишвар маҳсуб меёбад.  Ҷанбаи дигари дастовард ин даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ расид, ки маҷмӯан ду баробар зиёд аст. 

Дар баромади Ализода Рауфхон зикр шуд, ки имрӯз дар  сиёсати миллии Тоҷикистон зарурияти омӯзиш ва  таҳқиқи масъалаи терроризми иттилоотӣ аз нуқтаи назари таъсири он ба муносибатҳои байналмилалӣ  муҳимияти хосса дорад. Ҳамаи инро ба назар гирифта  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2016 таҳти №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои  солҳои  2016-2020»-ро  қабул намуда, нақшаи чорабиниҳоро  доир ба амалишавии ин стратегия ба ҳама вазорату кумита ва мақомотҳои  дахлдор барои  иҷро  пешниҳод карда буд. Дар Паёми навбатӣ  дарҷ  гардидааст, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ  ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд».

Таҷрибаи  таърихӣ  нишон медиҳад, ки терроризм  барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои  миллӣ, манфиатҳои ҳаётан  муҳим ягон алоқамандӣ ва ё  умумияте  надорад. Дар бисёр ҳолатҳо террористони  ифротии динӣ ё миллатгаро манфиатҳои  худро ҳимоя карданӣ шуда, андеша ва хоҳиши қисми зиёди мардумро ба инобат намегиранд, вале  худро  чунон вонамуд менамоянд, ки  гӯё барои истиқлолият, озодӣ ва баробарҳуқуқии мардум   мубориза мебурда бошанд.

Мутаассифона, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси он мегардад, ки роҳҳои воридшавии идеологияи  экстремистиро  ба шуури ҷомеа то дараҷае наздик намуда, бештари  мардум технологияи сиёсиро  носанҷидаву нодида  қабул менамоянд.

Масъалаи асосӣ  ин  боло бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавон ба ҳодисаҳои ҳаёти худ на аз мавқеи дин ва хурофоти динию асотирӣ, балки аз нуқтаи назари илмӣ, вобаста ба дастовардҳои илм ва донишҳои илмӣ муносибат ва баҳогузорӣ намояд.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт.

 

Дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки устодон, кормандон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2022 баргузор гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оид ба таъминоти кадрӣ, банақшагирӣ ва раванди таълим, ҳаракати донишҷӯён, аттестатсияи хатм, иҷрои лоиҳаҳои буҷетӣ ва маблағгузории онҳо дар панҷ соли охир, нишондиҳандаҳои фаъолнокии илмии донишкада, таҳлили вазъи сарбории устодон, нашри китобҳои дарсӣ, монография ва мақолаҳои илмӣ, самараи баргузории конфронсҳои  илмӣ, дастовардҳои устодон ва донишҷӯён дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, натиҷагирӣ аз олимпиадаи ҷумҳуриявии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти китобхонаи донишкада, заминаи моддию техникии донишкада, раванди ободонию созандагӣ, робитаҳои хориҷӣ баромади таҳлилӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки миқдори озмоишгоҳҳо дар Донишкада аз соли 2016 то ин ҷониб ба маротиб зиёд гашта, аз 25 адад ба 48 адад расонида шудааст. Танҳо дар соли 2022 8 озмоишгоҳҳои нав – спектрометрия, озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон,озмоишгоҳи технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омма, озмоишгоҳи бехатарии маҳсулоти хӯроки омма, экологияи саноатӣ, озмоишгоҳи “Масолеҳшиносии нассоҷӣ”, озмоишгоҳи “Низоми автоматикунонии лоиҳакашии либос”, озмоишгоҳи “DigEco Laboratory”, таълимӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, барои истифодабарӣ супорида шудааст.

 Миқдори компютерҳо дар соли 2022  ба 1431 адад расонида шудааст, ки ба ҳар 2,3 нафар як компютерӣ рост меояд. Соли 2022 аз тарафи омӯзгорони донишкада дастурҳои таълимӣ ва методӣ 1200 нусха (24 номгӯй) ба китобхонаи донишкада ворид шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 423 адад зиёд мебошад. Устодон ва шогирдони донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” фаъолона ширкат варзида, ду сол пайиҳам  соҳиби 6 ҷойҳои ифтихории дуюм, сеюм ва чорумро ба даст меоранд. 

 Директори донишкада баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, боз ҳам бештар гардидани дастовардҳои донишкадаро дар иҷрои нуктаҳои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар, худомӯзӣ, навоварӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносии устодон, иҷрои ҳатмии Барномаҳои давлатӣ,  самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳо, кор бо донишҷӯёни лаёқатманд дида, аз устодон даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст ”, “Илм фурӯғӣ маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” бештар фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Дар қисмати дуюми кори ҷаласаи ҷамъбастӣ бо истифода аз таътили зимистонаи донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани ҷараёни таълиму тарбия бо пешниҳоди Раёсати донишкада 16 лоиҳаҳои даставӣ бо иштироки омӯзгорон ва зерсохторҳои Донишкада  аз қабили лоиҳаҳои таҳияи механизми ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорону кормандони МТОК, тартиби ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои ихтисосҳои техникиву технологӣ дар МТОК, технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо дар назди факултетҳои МТОК: меъёрҳо ва механизмҳои ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии иштирок дар ташкил ва фаъолият, Ташкил ва гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳо дар сатҳи факултетҳои МТОК: хелҳои омодагӣ ва тартиби гузаронидан, механизмҳои ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва донишҷӯён, усулҳои муосири таълим дар МТОК: хелҳои дарсу машғулият, роҳҳои самаранок ва интерактив намудани онҳо, ҳавасмандгардонии иштироки фаъоли донишҷӯён дар он, таҳсилоти фосилавӣ ва равандҳои кории он дар МТОК: истифодаи технологияҳо, захира-ҳои иттилоотӣ ва механизмҳои ҷорикунии таҳсилоти ҳамгиро, сифати муҳити кор, таҳсил ва таълим аз ҷониби устодони кафедраҳо  то санаи 25 феврал мавриди коркард қарор дода шуда, ҳимояи ниҳоии лоиҳаҳо ба санаи 5 июни соли равон муқарар карда шуд.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо тасдиқи пешниҳоду қарорҳо ба кори худ анҷом бахшид.

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишасти матбуотиро ифтитоҳ бахшида иттилоъ дод, ки самти фаъолияти муассисаи таълимӣ асосан ба татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат равона намуда, дар ин ҷодаҳо мутахассисонро омода месозад. Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи аз рӯйи 29 ихтисос; дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 5 ихтисос ва ҳамчун таҳсилоти дуюм аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи магистратура аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисонро омода мекунад. Ба ба 3561 нафар донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 176 нафар омӯзгорон, ки аз ин шумор 8 нафар профессорон, 68 нафар, номзадони илм, дотсентон, 54 нафар омӯзгорони калони бе унвони илмӣ, 46 нафар ассистентон дарс медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 43,4% -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо (35%) муайян шудааст, мувофиқат мекунад. Дар соли 2022 57 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузашта, дар маҷмӯъ дар 5 соли охир 176 нафар омӯзгорони Донишкада дар муассисаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷи кишвар такмили ихтисос карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2022 аз тарафи омӯзгорони Донишкада зиёда аз 24 китобҳои таълимӣ, 260 мақолаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз нашр бароварда шудааст, ки он нисбат ба соли 2021 20% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 8 адад монография, 12 мақолаи сатҳи СКОПУС, 67 мақола дар нашрияҳои тақризшаванда (КОА), 68 мақолаҳои РИНЦ ба нашр гардида, 5 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 3 нахустпатент, 9 адад санад оид ба тадбиқи кори илмӣ гирифта шудааст

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем. Зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

Вобаста ба амалисозии ин ҳадафи чоруми стратегӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун маскани асосӣ доир ба омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар рушди соҳаи саноати вилояти Суғд эътирофу муайян гардида, дар ин смт нақши муассир дорад. Дар донишкада аз рӯйи ихтисосҳои Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд; Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (зинаи бакалавриат), Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ (магистратура), Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабук (докторантура) ва ғайраҳо мутахассисони ҷавобгӯ бабозори меҳнат омода карда мешавад. Танҳо дар давоми 10 соли охир зиёда аз 600 нафар донишҷӯён донишкадаро хатм намуда, дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ба кори доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар солҳои 2021 - 2022 12 нафар устодон ва шогирдони донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Чунончӣ устоди кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии донишкада Худойбердиев Х.А. дар номинатсияи ихтироъ ва навоварӣ сазовори ҷойи сеюм, устод Охунов З. ҷойи ифтихории чорум гашта буданд. Дар соли 2022 бошад, донишҷӯён Дадохонов Мирзомуин аз номинатсияи технологияи информатсионӣ ҷойи 2 ва Зоҳирова Меҳрангез аз номинатсияи химия сазоври ҷойи 3 гаштанд. 4 донишҷӯён бо ифтихорномаи Президенти АМИТ сарфароз гардонида шудаанд.

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон Абдуҳамид Ҷӯраев, Робия Розиқова, Маъмурахон Самадова, Чаманоро Абдуллоева, Афзал Босолиев, Нуъмон Раҷабзода, Нурбибӣ Бобоева, Фарзона Шамсиева ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

 

Дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баргузор гардид, ки дар 4 нафар донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд: Меҳрангез Зоҳирова, Сарвиноз Оқилова, Мунирҷон Азимов ва Сўҳроб Ғафуров мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ба онҳо дипломи озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» ва маблағҳои пулиро тақдим намуд.

Бояд қайд намуд,ки Меҳрангез Зоҳирова, донишҷӯи курси 3-ихтисоси молия ва қарзи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, якчанд маротиба дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Аз ҷумла дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” соли 2022 ширкат варзида даври ҷумҳуриявӣ ба ҷойи 2 сазовор гардид. Соли 2021 дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни МТОК “Аниси кунҷи танҳои китоб аст...” мақоми якумро ба даст овард. Соли ҷорӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” дар равияи дақиқ ҷойи аввал гашт ва бо 3000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Сарвиноз Оқилова, донишҷӯи курси 3-и ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаи донишкада дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” дар равияи гуманитарӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо 2000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Мунирҷон Азимов, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси технология ва низомҳои иттилоотии донишкада дар сохтани якчанд барнома барои донишкада саҳм гузоштааст.Дар озмун ва олимпиадаҳои даври донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст. Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” равияи дақиқ ва сазовор гаштани ҷойи 3 ва ба маблағи 1000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Сўҳроб Ғафуров, донишҷӯйи курси 4-и ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии донишкада дар озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” бо лоиҳаи “Каталоги электронии бемориҳо” ширкат варзида, сазовори ҷойи 3 ва бо маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сазовор шуд.

 

Дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» баргузор гардид, ки дар 4 нафар донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд: Меҳрангез Зоҳирова, Сарвиноз Оқилова, Мунирҷон Азимов ва Сўҳроб Ғафуров мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ба онҳо дипломи озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят» ва маблағҳои пулиро тақдим намуд.

Бояд қайд намуд,ки Меҳрангез Зоҳирова, донишҷӯи курси 3-ихтисоси молия ва қарзи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, якчанд маротиба дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Аз ҷумла дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” соли 2022 ширкат варзида даври ҷумҳуриявӣ ба ҷойи 2 сазовор гардид. Соли 2021 дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни МТОК “Аниси кунҷи танҳои китоб аст...” мақоми якумро ба даст овард. Соли ҷорӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” дар равияи дақиқ ҷойи аввал гашт ва бо 3000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Сарвиноз Оқилова, донишҷӯи курси 3-и ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаи донишкада дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” дар равияи гуманитарӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо 2000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Мунирҷон Азимов, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси технология ва низомҳои иттилоотии донишкада дар сохтани якчанд барнома барои донишкада саҳм гузоштааст.Дар озмун ва олимпиадаҳои даври донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст. Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” равияи дақиқ ва сазовор гаштани ҷойи 3 ва ба маблағи 1000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Сўҳроб Ғафуров, донишҷӯйи курси 4-и ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотии донишкада дар озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” бо лоиҳаи “Каталоги электронии бемориҳо” ширкат варзида, сазовори ҷойи 3 ва бо маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сазовор шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

(Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов -  «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, 1(31), 2023)

 

Марди таърихсоз

Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.

  Муаллифи мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ба унвони як муҳаққиқ ва нозири дақиқназар ҳамин ҷиддияти рисолат ва зарурати таваҷҷуҳ ба онро солҳост, ки дарк намуда ва дар талоши ҳамкорӣ барои таҳкими пояҳои маориф ва маънавиёти миллӣ ҳаст. Муаллиф бо муруре ба гузашта як қиёси таърихӣ анҷом додааст: «...агар даврони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст». Ин ҷо як қиёси шоиронаи Бозор Собир ёд меояд, ки мехоҳад хидмат ва заҳматҳои бузургу бесобиқаи таърихии устод Садриддин Айниро барои миллати тоҷик дар қиёс бо устод Рӯдакӣ бозгӯ кунад ва мефармояд:

Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.  

 

Манзури шоир аз ин сатрҳоро аз худи ӯ пурсида будам, ки барои аҳли фаҳм ошност. Қиёси муаллифи муҳтарам низ дақиқан дар ростои ҳамин мантиқ қобили арзёбӣ аст. Ҳамин тавр, Пешвои миллат рисолати таърихии худро аввал бо ҷасорат қабул карданд, дарк намуданд ва ба дурустӣ анҷом доданд. Парчами ҷунбишҳои ба камол нарасида ва ба шикаст мувоҷеҳшудаи миллиро баланд намуда, роҳбарӣ карданд ва бо баланд кардани дасти Исмоили Сомонӣ дар майдони Озодӣ – рамзи қудрати сиёсии тоҷикон ба кӯйи мурод расонида, орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик ва дудмони Сомониро бо ин иқдом ба курсӣ нишонданд.

 Бидуни шак, метавон гуфт, ки руҳи Куруши Бузург, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ дар симо ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буруз кардааст. Аз ин нигоҳ арзёбии муаллиф қобили дарк ва дақиқ аст: «Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад». Бо баёни омиёнатар метавон хулоса кард, ки дар воқеъ як давраи томи таърихи миллати тоҷикро Пешвои миллат сохта ва сабти таърих кардаанд. Аз ин нигоҳ, дар ин баҳси фалсафии муаллиф Инсони таърихсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад

Зимни арзёбии сабаб ва омили шикастҳои пай дар пайе, ки тоҷикон дар дарозои таърих ба он рӯ ба рӯ шудаанд, муаллиф бо ҷасорат ба ин хулоса мерасад: «Бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд». Бояд гуфт, ки дар осебшиносии таърихи миллати тоҷик ин назария ва хулосаи бисёр муҳим қобили таҳқиқ ва пажӯҳиш аст. Ҳам таърихнигорӣ ва ҳам оянданигарии мо бояд бар мабнои ҳамин назария ва ҳамин андеша шакл бигирад. Мутаассифона, то кунун ҳеҷ яке аз бузургони мо аз ин манзар таърихи моро мӯшикофӣ ва осебшиносӣ накардааст. Умуман, осебшиносӣ дар соири илмҳои муосир, хусусан, осебшиносии таърих асли муҳим барои ояндаи миллатҳо маҳсуб мешавад, ки дар илми мо ривоҷ надорад. Ин масъала қобили баҳси ҷудогона аст.

Мутаассифона, метавон гуфт, ки тоҷикон дар олами муосир аз ҷумлаи камтарин миллатҳое ҳастанд, ки «фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур», балки ба тақдир ҳавола кардаанд. Мушоҳидаи муаллиф дар мавриди қиёси мизони динзадагии миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам қобили таваҷҷуҳ ва дақиқ аст: «... барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?».

 Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат дар ин миён мо танҳо миллате ҳастем, ки аввал ба ақида ва дини худ менозем, баъд ба миллати худ. Дар аксари маврид миллатро муҳим намешуморидем ва намешуморем. Хусусан, барои аҳли таассуб ва хурофот дар тӯли таърих миллат ва давлат муҳим набуд ва имрӯз ҳам нест. Он ки аз давлат гоҳе имрӯз ҳам ҳимоят мекунанд, аз рӯйи риёст, на вафо ва садоқат.

Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки омили суқути ҳамаи давлатҳои миллии тоҷикон, чӣ то исломӣ ва чӣ замони исломӣ динзадагӣ ва ҳамон ҳаволаи оянда ба тақдир буд ва ҳаст. Имрӯз ҳам дар андешаи аксари кулли диндорон ҳамин ақида чира аст, ки дар сурати ҳамлаи як кишвари исломӣ оё мо ҳаққи шаръии ҳимоят аз худро дорем ё не? Ин тоифа дар асли худ ба ақидаи давлат-миллат боварманд нестанд. Ва дар ҳавои 1400 соли пеш ба сар мебаранд. Ин ҷо бояд ҳатто зикр намуд, ки дар таҳти шуури баъзе аз афрод ҳатто андешаи хилофатхоҳӣ ҳам зинда аст. Яъне андешаи ДИИШ-ӣ, ки аз маҷрои сиёсӣ тавассути қудратҳои фароминтақавӣ обёрӣ ва фарбеҳ шудааст.

Ҳатто сабаби иқтидори сиёсиро аз даст додани тоҷикони Афғонистон, ки наздики даҳ сол (1992 - 2001) қудратро дар ихтиёр доштанд, пойбандии беш аз ҳади онҳо ба арзишҳои динӣ назар ба андешаи миллӣ буд. Баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд маълум гашт, ки танҳо тоҷики соҳибнуфузе, ки «фардои худро ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур» вобаста медонист, ба иқтидори сиёсӣ барои бақои миллат бовар дошт, шахси Аҳмадшоҳи Масъуд будааст. Баъди вафоти ӯ дар ҳамсоякишвар ихвониҳо андешаи «қудрати сиёсӣ»-ро ба ақидаи «тақдири илоҳӣ» иваз намуданд.

 Иттифоқан, тоҷик шояд танҳо миллати соҳибдинест, ки на аз дини миллии худ ва на аз динҳои дигаре, ки дар дарозои таърих ба ӯ таҳмил шуда, ҳаргиз ба нафъи бақои миллӣ фоида наҷустааст. Балки динхӯйӣ дар ин муддат барои давлатҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ кушанда воқеъ шуда ва имрӯз ҳам бузургтарин таҳдид ба ҳастии давлат динзадагии афрод ва ба хислати фардӣ табдил шудани он аст. Дар дараҷаи аввал хатари ба хислати фарогир табдил шудани ҳамин зуҳурот вуҷуд дорад, ки он гоҳ ба таҳдиди билфеъл барои вуҷуди давлати миллӣ низ табдил хоҳад шуд.

Ин дугонагии тафаккур садсолаҳост, ки думболагири афроди миллат аст, ҳоло ман дар худам ин ҷуръатро суроғ надорам, то бигӯям, он хислати миллии моро ташкил медиҳад, аммо шодравон Лоиқ Шералӣ бо дарки умқи масъала ва вусъати пайомади он, ин ҷасоратро дошт, ки гуфта буд:        

Миллати мо миллати яклахт нест,

З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

Вақте яклахт мешавем, ки навъи ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури воҳид, усули тафаккури ягона, на бегона дошта бошем, то он замон миллат намебошем. Ин давоми ҳамон андешаи шоири дигари забони тоҷикии форсӣ Муҳаммад Иқбол аст, ки бовар дошт:

Миллат аз якрангии дилҳостӣ,

Равшан аз як ҷилва ин синостӣ.

Қавмро андешаҳо бояд яке,

Дар замираш муддао бояд яке.

Аз ин манзар, хулосаи муаллиф роҷеъ ба аҳамияти усули ташаккули андешаи воҳиди миллӣ, қобили таваҷҷуҳ аст: «Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст».

Албатта, мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмуи ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ муайян мекунанд, сохта мешавад. Ва тафаккури дунявӣ, ки ба ҳайси як ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир ҷой уфтодааст, реша дар хиради тоҷикӣ ва ориёии мо, дар биниши миллии мардуми мо дорад. Хиради тоҷикӣ, ки бар мабнои таҷриба, бовар ва ҷаҳонбинии гузаштагони мо ташаккул ёфта буд, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ, барои ҳифзи асолати миллӣ дар марҳилаҳои мухталифи сарнавиштсози таърих мусоидат намуд.

Дар боварҳои куҳани миллии мо масъалаи давлатсозӣ ва иштироки мардум дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба унвони асл матраҳ мебошад. Мувофиқи боварҳои миллии мо, низоми сиёсӣ бояд бар мабнои мафҳум ва қарина (консепсия)-и ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфта бошад. Ин ҳама падидаест, ки муаллиф онро дар хусусияти давлати миллӣ ва сифатҳои шахсии Пешвои он пайдо намудааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шояд аз нодиртарин раҳбарони сиёсии олам аст, ки бо мардуми одӣ ба тарзи мустақим, рӯ ба рӯ суҳбат ва ҷаласаҳо меорояд. Бо тамоми қишрҳои аҳолӣ... батафсил, тахассусмандона, бурдборона, бо дарки хусусияти шахсӣ, дараҷаи дониш ва касбияти ҳар кас муошират мекунад. Ба муҳтавои нутқи ҳар кадом таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин восита мехоҳад, тасаввурот ва маълумоти худро оид ба ҳолу аҳвол, сатҳи маърифатнокии онон бозсанҷӣ, хулосабарорӣ ва чораҷӯӣ кунад. Ин усул ва тарзи давлатдорӣ намунаи олии ҳидояткунандаи раҳбарист».

Албатта, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид ва ба он посухи муносиб дод, то дар роҳи расидан ба рифоъ, тавсеа ва ҳамзамон ташккули як хислат ва як тафаккури воҳиди миллӣ ё ба ибораи шоир «яклахт сохтани миллат» ҳамовозӣ ва кумак кунем.

Хирад, – яъне  дониш, фаросат, огаҳӣ, ҳуш, дарк, зиракӣ, дарёфт ва тадбир, (Шарофатномаи Мунирӣ, Анҷуманорои Носирӣ, Деҳхудо) бо усулҳои аслии дунявият мисли илмгароӣ ва инсонгароӣ созгорӣ дорад. Бинобар ин, талоши ба ҷойгоҳи худ бозгардонидани хирад ва озодсозии зеҳни миллӣ аз ишғоли таърихӣ вазифаи муқаддас аст. Зеро вақте «бахти араб бар Аҷам чира шуд», хирад ва хирадварзӣ ҷойи худро ба ақлонияти динӣ ва тақдири аз пештайиншуда дод. Фард озодиву қобилияти зояндагии фикрӣ ва миллат руҳияву иқтидори ҷаҳонкушоии худро бохт. Аз ин нигоҳ, хулосаи муаллиф саҳеҳ ва қобили дарк аст: «Муҳтавои ҷаҳонбинӣ ва равандҳоеро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо тоҷикон, онро дар сатҳҳои гуногун, ба тарзи одӣ «пайравӣ ба фарҳанги бегона» меноманд, падидаи маъмулӣ - ғуломии руҳӣ ва ақидатӣ аст. Чизи дигаре нест. Маҳз ҳамин ҳолат, ҳамин ҷаҳонбинӣ муҳтавои гуфтор ва рафторҳои ғуломонаро тавлид, ташвиқ, тарғиб, «асоснок» ва барои мутеъшавӣ ба онҳо истодагариву якравӣ мекунад».

Ин ҷо суханони машҳури нависандаи бузург Лев Толстой ба ёд меояд, ки гуфтааст: «Бадбахттарин ғулом инсонест, ки хиради худро ба ғуломӣ додааст ва чизеро воқеият мепиндорад, ки хирадаш онро қабул надорад».

Акнун дар ин маврид муносибат ба масъалаи мазкур муҳим аст. Бояд эътироф кунем, ки ғуломон дар фикри озодӣ нестанд, ин инсонҳои озода ҳастанд, ки ғуломонро озод месозанд. Бинобар ин, вазифаи давлати миллӣ дар симои маориф ва барномаи таълим иҷрои ҳамин вазифаи муҳим аст. Мутмаинан, агар давлати Сомониён ҳазор сол пойдор мемонд ва ё давлатҳои дигари миллӣ идома мекарданд, мо ҳоло ба як марҳили дигаре аз ғурури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ расида будем. Ба ин маънӣ дарк, бардошт ва хулосаи муаллиф аз иллат ва сайри таърихии таҳаввули фикри миллӣ саҳеҳ аст:  «Натиҷабардорӣ ва хулоса он аст, ки руҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ натиҷаи ҳолати ғуломӣ, адами пуштибони аслӣ – ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тули ҳазор сол аст».

Аммо бояд эътироф кунем, ки он чизе дар садсолаҳо шикаста шуда ва зарба хурдааст, то ин ки тармим шавад, роҳи дароз дорад. Яъне заҳмати зиёд мехоҳад, то дубора, хирад ва хирадварзӣ, ҷойи таваккал ва тақдирпарастиро бигирад. Дар ҳар сурат, масъалаи муҳим барои мо боз гардонидани хирад ва ё бозгашти мо ба хирадварзист. Ин вазифаи муқаддаси мактаб аст. Зиёиён ва олимон бояд дар ин масъала ба давлат кумак кунанд.

Масъулият ва буҳрони бекифоятӣ

Бидуни шак, мактаб курраи миллатгудозӣ, шахсиятсозӣ аст. Он чӣ мебинем ва он чӣ дорем, маҳсули мактаб аст. Тавре муаллиф зикр намудааст, «Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест».

 Агарчи дер, аммо бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба профессори муҳтарам, узви вобастаи АМИТ муҳтарам Саймумин Ятимов барои таваҷҷуҳе, ки ба китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» зоҳир намуданд ва тақризи фарогир, ширкат ва суханронияшон дар муҳокимаи китоб, изҳори сипос ва миннатдории самимии муаллифонро изҳор намоям. Маҳз тақриз ва тавсияи мазкур буд, ки китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс»  мутобиқ ба таъйинот ва рисолати аслии худ таҳия ва ислоҳ шуд.

Инҷо ба ҷузъиёти нуктаҳои мавриди баҳс дар китоб намепардозам, танҳо бояд гуфт, ки эродҳои профессори муҳтарам дуруст ва усулӣ буданд. Аммо як нуктаеро мехоҳам ёдоварӣ намоям, ин аст, ки дар лоиҳаи аввалияи бархе саҳифаҳои он китоб, ки мавриди муҳокима қарор гирифт, воқеияти тарзи тафаккури ҷомеаи илмӣ ва умуман андешаи дугона дар зеҳни ҷомеаи мо ба намоиш омада буд. Зеро мо ҳудуди 70 тақриз аз муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо (роҷеъ ба муҳтавои ҳар боб то 3 тақриз) гирифтем. Он ҳам баъди ислоҳ ва таҳрир, ки ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи таҳиягар анҷом додем. Ҳеҷ муқарризе ба масъалаи тарзи ҷаҳонбинӣ ва зикри масъалаҳои усулӣ дар китоб изҳори назар накард. Баръакс, муаллифонро дар баъзе маврид ба эҳёи дидгоҳи замони Шӯравӣ дар нисбат ба масъала муттаҳам месохтанд.

 Бинобар ин, муаллифи муҳтарам вазъиятеро, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаи таълимӣ ва мушкилеро, ки дар ҷаҳонбинии муаллифон ҷой дорад, инчунин сабаб ва омилҳои вазъияти мавҷудро ба тафсил таҳлилу матраҳ намудаанд. Ба он чизе изофа намудан мушкил аст. Ҷойи баҳс ҳам надорад. Фақат бояд афзуд, аз нигоҳи осебшиносии маориф ё низоми омӯзишу парваришро ба ин вазъият «буҳрони бекифоятӣ» (incompetence crisis) метавон гуфт. Ин як амри табиист, бояд онро эътироф кард, осебшиносӣ намуд ва барои ислоҳи он ирода варзид.

Ба қавли А. Эйнштейн, «бидуни буҳрон, озмоишҳои ҷиддӣ пушти сар намешаванд. Ва буҳрони аз ҳама воқеӣ буҳрони бесалоҳиятӣ аст». Бояд гуфт, ки ин фақат мушкили нависандагони китобҳои дарсӣ нест. Ин ба як мушкил барои идораи муассисаҳои маориф, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ низ табдил шудааст. Яъне мушкил ин ҷо умдатан мушкили адами кадрҳои шоиста, огоҳ ва боиродаи миллист.

Муаллиф, зимни натиҷагирӣ аз пажӯҳиши худ роҷеъ ба роҳҳои ҳалли масъала, аз ҷумла таъкид мекунад: «Дар ин раванд олимоне, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ ҷалб карда мешаванд, бояд на танҳо донишманди соҳибтаҷриба, дар байни аҳли илм эътирофгардида, ҳамзамон боҷасорат, худогоҳ, хештаншинос, ватанпараст, соҳибтадбири худшиносии миллат, руҳбахш, вассофи руҳи тоҷикият, хирадситой, масъул, афзояндаи ғурур ва ифтихори миллӣ бошанд».

Албатта, мутлақо дуруст аст, вале бояд фақат афзуд, ки хуб мебуд, онҳое низ, ки «ба ҷалби олимон барои навиштани китобҳои дарсӣ машғуланд», яъне масъулини соҳа ҳам донишманд, худогоҳ, хештаншинос ва хирадситойю бо дарки амиқи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва босалоҳияту бокифоят  бошанд. Инҷо масъулият миёни муаллифон ва масъулин баробар тақсим аст, балки бори масъулият ва рисолати масъулон бештар аст.

Бинобар ин, роҳи берунрафт аз ваъзият кумак хостан ва боварӣ кардан ба қишри боирода, соҳиби андешаи миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, босалоҳияту бокифоят, шинохтан ва гумоштани онҳо ба идора ва роҳбари муассисаҳои маориф, барномаҳои таълимӣ ва илмӣ мебошад.

Он гоҳ метавонем ба тарбияи шоиста ва ба камол расонидани насли худогоҳ, миллиандеш, хирадгаро ва бокифояту босалоҳият, ки бақои давлати миллӣ ва ояндаи дурахшони миллатро тазмин намояд, умед бибандем ва дар татбиқи роҳнамоиҳои Паёми Пешвои муаззами миллат саҳм бигирем.

Раҳматкарим Давлатов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих

Ҷавонон ҳамчун неруи тавонбахш дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми назаррас доранд. Аз ин хотир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Чунончи бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо корбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд силсилаи вохӯриву мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар хобгоҳҳо сукунат доранд, оғоз ёфт.

Чунин мулоқоти озоду шаффоф ва гарму самимӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ширкати беш аз 600 нафар донишҷӯён доир гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иқдоми пешгирифтаи ҳизбиёни вилоятро шоиста арзёбӣ намуда, баён дошт, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад. Ҳадафи вохӯрии имрӯза низ талқини илму дониш, ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон маҳсуб мешавад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳонӣ моро тақозо мекунад, ки ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. 

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромад аз марҳилаи душвори давлатсозии миллӣ суханро оғоз намуда, таъкид дошт, ки хиради воло, сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари ҷангзадаи мо дар фосилаи 31 соли соҳибистиқлолӣ ба як давлатӣ рӯ ба тараққӣ табдил ёфт. Дар ин марҳилаи душвор Сарвари давлат барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама такя ба нерӯи дониш ва маҳорати ташкилотчигии ҷавонон намуданд.

Мавсуф дар идома аз вазъи сиёсии ҳассоси ҷаҳони муосир, мағзшуйии гурӯҳҳои тундгаро, фарҷоми шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гирифтани пеши роҳи таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сухан ронда, зикр намуд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол насли хушбахти давронанд, зеро барои тақвияти дониш, такмили маҳорат, ҷасурию мардонагии онҳо ҳамаи шароитҳои муҳайёст. Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои омӯхтани илму дониш саъй варзанд, эҳтироми падару модар ва устодонро ба ҷо оранд ва  ҳимояи марзу буми кишварро аз мақсадҳои ниҳоии худ донанд. Зеро хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва омӯзиш барои ҳар як ҷавонмард маҳсуб меёбад.

 

Дар идомаи вохӯрӣ нависандаи ҳаҷвнигор, рӯзноманигори варзида Додохони Эгамзод ва шоира Адибаи Хуҷандӣ аз эҷоди худ шеърҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок дошт. 

Сурудҳои дилошӯби  донишҷӯёни ҳунарманд ва ҳофизи шинохтаи вилоят Сироҷиддин Худоймерганов вохӯриро боз ҳам шукуҳманд намуд.