Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Маҳбуби халқ” доир гардид.

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҷомеаи устодону шогирдони донишкадаро бо  ин рӯзи муборак табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ чеҳраҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки тараққиёту такомулот ва пешравиҳои ин ё он кишвару миллат ба номи онҳо вобастагӣ дорад. Барои миллати қадимаву тамаддунофари мо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ ба бархӯрдҳои шадиди маҳалгароиву нофаҳмиҳо сар ба сар шуд, чун ҳадяи тақдир ба сари қудрат омадани инсони равшанзамир, соҳибиродаву оқил – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бахту ҳам саодати бемисл аст. Ҳанӯзам иштирокчиёни Иҷлосия ва тамоми мардуми мамлакат, ки он рӯзҳо чашму гӯш ба симову садо дода буданд ва аз тақдири минбаъдаи Тоҷикистон андеша доштанд, суханронии аввалини Раиси Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меоранд. Чӣ қадар ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили тамоми мардуми сарзаминамон шуълаи нахустини умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуда буд.

Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки боиси фараҳмандист, ки тайи се сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни умумиҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмуни мазкур баҳри боло бурдани тафаккур, вусъати эҷодкорӣ, қобилияти луғатдонӣ, маҳорати суханварию суханшиносӣ ва ба ин васила тарбияи насри Ватандӯсту меҳанпараст ва посдорандаи арзишҳои маданиву фарҳангии умумимиллӣ роҳандозӣ шуда, аз дурандешиву оядабинӣ, хиради воло ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.

         Иқдоми фараҳовари дигар ин аст, ки дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар самти илмҳои дақиқ низ омуни ҷумҳуриявӣ бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шуд. Боиси зикр аст, ки ин озмун баҳри татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” равона шуда, барои дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор, донандаи хуби илму техника, тарбияи мутахассисони табиатшиносу ҳисобдон равона гардидааст.

         Мо, ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз он ифтихор мекунем, ки таъсиси донишкада ба замони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба як муассисаи пешрафта табдил ёфтааст. Барандагони Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардидани устодони  донишкада Хуршед Худойбердиев ва Ҷўрабой Бобоҷонов, ғолиби озмуни “Мутахассиси ҷавони сол” гардидани Иброҳимов Мӯъминҷон, ширкати фаъолона ва ғолибият дар олимпиада байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пирӯзӣ дар озмуни вилоятии “Илм фурӯғи маърифат” бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

         Дар идомаи чорабинӣ филми мустанади “Маҳбуби халқ” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

         Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни донишкада дар васфи Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон  ва Модар шеъру таронаҳо қироат ва сароиданд.

         Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.       

  

 

Дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии Рӯзи донишҷӯ  таҳти унвони “Донишкадаи худро дӯст медорам” шурӯъ гардид.

Дар рӯзи нахустини чорабинӣ, дар маҷлисгоҳи асосии донишкада сурат гирифт донишҷӯёни соли аввали факултаи сохтмон ва нақлиёт бо ҳузури волидонашон дониш ва малакаи худ, таассуроти бардоштаашонро аз таҳсил дар донишкада пешкаши аҳли нишаст намуданд.

Дар паёми шодбошии худ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо ҷашнҳои муқаддаси кишвар Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Имрӯз мову Шумо дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷашнҳои фараҳбахшу нодири мамлакати азизамон маҳсуб ёфта, инак чанд сол инҷониб дар фазои шоиста ва арзанда таҷлил мегардад, қарор дорем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати гиромидошти хидматҳои арзишманди роҳбарияти олии мамлакат эълон гардида, ҳамчун рӯзи ид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" илова шуд, рӯйдоди нусратбахш аст.  Зеро таҷлили ин ҷашн имкон медиҳад, ки мардуми сарбаланди тоҷик бори дигар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар карда, заҳмату талошҳои Президенти мамлакатро дарк созанд. Эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус дар санаи 16 ноябр ҳодисаи тасодуфӣ набуда, ин рӯйдоди фараҳафзо рамзи нек дорад. Маҳз дар рӯзи баргузории Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар омадани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи нодир аст, ки рӯзҳои таърихиву муҳими давлатдории моро ба ҳам пайваст месозад. Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи тақдирсоз аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза ва умедбахшеро ифтитоҳ бахшид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро муайян намуд. Зеро дар доираи кори он масъалаҳои муҳиму таърихие баррасӣ ва қарорҳое қабул гардиданд, ки роҳи давлатдори миллиро мунаввар бахшиданд.

Аз ин лиҳоз, дар як рӯз таҷлил намудани ду рӯзи муҳим аз рӯйдоди нишотбахши миллати мост.

Мавсуф дар идомаи паёми шодбошӣ таъкид дошт, ки ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ аз эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш истиқбол намуда, ҳамасола ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ин рӯз ташаббус зоҳир мекунанд. Баргузории Рӯзи донишҷӯ маҳз дар ҳамин айём фоли нек аст. Ман пеш аз ҳама аз номи Раёсати донишкада ҳамаи Шумоён донишҷӯёни соли аввалро, ки бо сад орзую ҳавас сари мизи донишҷӯӣ нишастед, табрику муборакбод гуфта, бароятон дар ҷодаи илмомӯзӣ, такмили маҳорат барору комёбиҳо таманно дорам. Мо ин ташаббусро панҷ сол ин ҷониб ҷорӣ намуда, мақсад дорем, ки донишҷӯёни соли аввал таассуроти наздик ду моҳ аз таҳсил бардоштаашонро ба ҳамсабақону устодон изҳор намоянд. Дигар аз мақсади ин чорабинӣ дарёфти чеҳраҳои боистеъдод ва навовар аз байни донишҷӯёни соли аввал мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар вилоят мебошад, ки барои омодакунии ихтисосҳои замонавии соҳаи муҳандисӣ мутахассисонро омода мекунад.  Раванди таълим дар қиёс ба дигар донишгоҳҳои кишвар бо усули сиклӣ фарқ намуда,  фаъолияти Маркази идоракунии таълимӣ ва Маркази тестӣ боиси баланд бардоштани масъулияти ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён гардидааст.

 Дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи донишкада саҳми факултети сохтмон ва нақлиёт ҳамчун омодакунандагони муҳандисони соҳаи сохтмон, нақлиёт ва меъморӣ хеле калон аст. Беҳтарин устодон аз қабили Бойпочо Фатҳиддинов, Абдуқодир Акрамов, Фаррух Аминов, Сӯҳроб Охунов ва даҳҳои дигар ба шогирдон бо меҳр дарс мегӯянд Шумо - ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед. Аз ин рӯ, пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат будан, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намудан бояд дар меҳвари зиндагӣ ва фаъолияти Шумо бошад.

Декани факултет Мазбут Холиқов аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодакунии мутахассисони соҳа ибрози назар намуда, зикр дошт, ки алҳол 1077 нафар донишҷӯёни дар зинаҳои баклавиатура, магистратура ва доктрантура таҳсили илм дошта, бо истифода аз шароити мавҷудаи хуби корӣ барои андӯхтани дониш саъю талош меварзанд. Устоди донишкада Сӯҳроб Охунов дар даври донишкадавии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” мақоми аввалро соҳиб шуда,  устоди дигар кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Исматулло Норов ва донишҷӯи факултет дар даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойҳои сеюм ва якумро ишғол намуданд. Дастаи футболбозон аз ҳисоби устодон ва шогирдони факултет дар мусобиқаи футбол бахшида Ба Рӯзи Президент миёни факултетҳои донишкада мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунӣ ва супоридани                  шаҳодатномаҳои донишҷӯӣ сурат гирифт.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни аввал бо шеър тарона ва рақс, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз рӯзгори донишҷӯӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Дар фуроварди чорабинӣ директори донишкада аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки фурсатро ғанимат шуморида барои тақвияти дониш саъю талош варазанд. Ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил нашаванд. Донишкада донишҷӯёни соҳибистеъдоду навоварро ҳамҷиҳата дастгирӣ мекунад, то онҳо содиқона ба ин Ватан хизмат намоянд. 

 

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолзанон маросими гувоҳномасупорӣ ба духтарони лаёқатманд баргузор шуд, ки онҳо курси семоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» хатм намудаанд.

Муссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки боиси  ифтихор ва сарбаландист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбуди вазъи занон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Барномаи тарбияи духтарони болаёқатманд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидааст. Таҳия, қабул ва амалигардонии Барномаи зикршуда барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию  маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмўъи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад. Имрўз дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд.

Сипас, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва ходими давлативу сиёсӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова роҷеъ ба нақши зан дар ҷомеа баромади пурмуҳтаво намуданд.

Таъкид шуд, ки воқеан ҳам имруз занони мо дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа  пешсафи фаъол мебошанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ аз нисф зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Вокеан имрӯз бо дастгири ва пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи занони роҳбар меафзояд, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Роҳбари давлат ба  занону бонувон боварӣ ва эътимоди калон  доранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба бисту ҳафт  нафар шунавандагони курси  «Мактаби сарварони ҷавон» Гувоҳномаҳо тақдим карда шуд. Аз ҷумла 5 нафар донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд -  Фарзона Маҳмудова, Мукаррама Қодирова, Зулолабону Толибӣ, Малика Ахмедова, ва Малика Зарипова дар вазъияти тантанавӣ соҳиби гувоҳнома гардиданд.

 

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби хатмкунандагони курси мазкур сафи занони роҳбар боз ҳам афзуда, барои баланд бардоштани обруву нуфузи зани точик дар арсаи сиёсат ҳиссагузорӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки «Мактаби сарварони ҷавон» 7 сол инҷониб амал мекунад, то ба имруз беш аз 150 нафар духтарони фаъоли ҷомеа ба курси мазкур ҷалб карда шудаанд. Баъди баргузории чорабинӣ Фарзона Маҳмудова андешаҳояшро чунин баён дошт:

Бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти таваҷҷӯҳи доимӣ қарор гирифта, роҳандозӣ шудани даҳҳо барномаву стратегияҳо мақоми онҳоро ба сатҳи баланд гузоштааст. Таъсиси ҷоизаҳои махсус, фарогирии духтарони аз ноҳияҳои дурдаст бо квотаи президентӣ ва ахиран ҳиссаи занону бонувон дар идоракунии ҳама соҳаҳо худ далолат аз он медиҳад, ки бонувон пешбаранда ҷомеа маҳсуб меёбанд. Мусаллам аст, ки василаи хуби иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҷомеа ин тарбияи дурусти кадрҳо маҳсуб мешавад. Мактаби бузурги омодакунии кадрҳо, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳандози шудааст, имкон фароҳам овардааст, ки як зумра кадрҳои ҷавон қобилият ва маҳорати худро нишон диҳанд. Яъне эътимоду боварӣ ба онҳо барои ҷодаҳои гуногун асос шудааст. Мо имрӯз худро хушбахт меҳисобем, ки шунавандаи ин курс будем ва бароямон имкони дониш ва маҳорат омӯхтан буд. Ба директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва ба устодони азиз барои вақти худро дареғ надошта бароямон дарс додан, изҳори миннатдорӣ менамоям.  

 

Устодони арҷманд,

Шогирдони азиз!

Дар таърихи тамаддуни башарӣ чеҳраҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки тараққиёту такомулот ва пешравиҳои ин ё он кишвару миллат ба номи онҳо вобастагӣ дорад. Барои миллати қадимаву тамаддунофари мо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ ба бархӯрдҳои шадиди маҳалгароиву нофаҳмиҳо сар ба сар шуд, чун ҳадяи тақдир ба сари қудрат омадани инсони равшанзамир, соҳибиродаву оқил – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бахту ҳам саодати бемисл аст.

Ҳанӯзам иштирокчиёни Иҷлосия ва тамоми мардуми мамлакат, ки он рӯзҳо чашму гӯш ба симову садо дода буданд ва аз тақдири минбаъдаи Тоҷикистон андеша доштанд, суханронии аввалини Раиси Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меоранд. Чӣ қадар ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили тамоми мардуми сарзаминамон шуълаи нахустини умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуда буд.

Меҳру муҳаббати мардум ба вожаи «Сарвари давлат», «Президент» аз ҳамон суханрониҳои нахустин оғоз гардида, баъдан дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳо баҳри таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқ кардаи ин шахсияти нотакрори таърихӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сухан, яъне «ПРЕЗИДЕНТ» дар дилу дидаи мардуми баору номусамон маъво гирифт ва аз ҳамон рӯзҳо ошёни меҳри Роҳбари ҷавону умедбахш дар дили мардум ҷойгузин гардид.

Имрӯз Президенти маҳбуби мо барои ҳар оилаву фарди мамлакатамон ва инчунин миллионҳо тоҷиктаборони бурунмарзӣ ҳамчун муаззамтарин инсон, Сарвари давлат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон ва мақбултарин симо пазируфта шудаанд.

Дар баробари ҳамаи заҳматҳои бузурги Президенти Тоҷикистон метавон танҳо панҷ хизмати бебаҳои он касро дар мавриди хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, муайян намудани сохти давлатдории муосири тоҷикон, эҳё ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муаррифии оқилонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ қайд намуд, ки нақши таърихии ин шахсияти бузурги сиёсии сатҳи ҷаҳониро собит месозад.

Маврид ба зикр аст, ки давоми соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мунтазам  афзоиш меёбад. Агар маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ соли 1991-ум 1,19 млрд. рубли русиро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2021 ба панҷ миллиард сомонӣ баробар шуд. Нуктаи дигар ин аст, ки то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар ҷумҳурӣ 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шумори 245 ҳазор нафар донишҷӯ амал мекунад.

Боиси фараҳмандист, ки тайи се сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни умумиҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмуни мазкур баҳри боло бурдани тафаккур, вусъати эҷодкорӣ, қобилияти луғатдонӣ, маҳорати суханварию суханшиносӣ ва ба ин васила тарбияи насри Ватандӯсту меҳанпараст ва посдорандаи арзишҳои маданиву фарҳангии умумимиллӣ роҳандозӣ шуда, аз дурандешиву оядабинӣ, хиради воло ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.

         Иқдоми фараҳовари дигар ин аст, ки дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар самти илмҳои дақиқ низ омуни ҷумҳуриявӣ бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шуд. Боиси зикр аст, ки ин озмун баҳри татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” равона шуда, барои дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор, донандаи хуби илму техника, тарбияи мутахассисони табиатшиносу ҳисобдон равона гардидааст.

         Мо, ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз он ифтихор мекунем, ки таъсиси донишкада ба замони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба як муассисаи пешрафта табдил ёфтааст.

Дар бораи фаъолияти сиёсӣ ва иқдомҳои наҷиби Роҳбари мамлакат китобу мақолаҳо ва филмҳои мустанад таҳия ва нашр гардидаанд.

Вале ҳамаи онҳо ҳаёту фаъолияти бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлатро пурра фарогир нестанд. Чунки тадбирҳоеро, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолият, рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар кулли самтҳо  кардаанд бемислу беназиранд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Президент табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор ва дар фаъолиятатон дастовардҳои нав орзумандам.

 

Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф спартакидаи вилоятӣ аз рӯи намуди волейбол, шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз байни омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи мардонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар намуди волейбол мақоми дуюмро соҳиб шуд. Дар намуди шоҳмот бошад байни бонувон Донишкадаи ҷои аввал ва мардон ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар намуди тениси рӯи миз бошад, дастаи мардон мақоми аввал ва бонувон ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Донишкада ба қатори се дастаи беҳтарини вилоят дохил шуд. Ба ғолибону ҷоизадорон дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф тақдим карда шуд.   

 

Дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” бо иштироки Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Раиси кумитаи иттифоқи ҷавонони вилоят Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси Кумитаи иттифоқи ҷавонони вилоят Фахриддинзода Фирдавс  ва  Шӯҳрат Саидов, раиси Шӯрои олимони ҷавони вилоят доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи донишкада Зариф Довудов ҳусни оғоз бахшида, ба шарафи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи шодбошии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ироа дошт.  

Дар маърӯзаи Мирзоосим Каримзода зикр шуд, ки баргузории ин ҳамоиш нишонаи садоқати аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони ваҳдатшиор ба иқдомҳои ватандӯстона ва миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Зеро таҷлили ин ҷашн имкон медиҳад, ки мардуми сарбаланди тоҷик бори дигар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар карда, заҳмату талошҳои Президенти мамлакатро дарк созанд. Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи тақдирсоз аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза ва умедбахшеро ифтитоҳ бахшид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро муайян намуд. Зеро дар доираи кори он масъалаҳои муҳиму таърихие баррасӣ ва давлатдори миллиро мунаввар бахшиданд. Маълум аст, ки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, аз онҳо ояндаи миллату давлат, қишри ояндасоз, нерӯи фардосоз ва такягоҳи боэътимод ном мегиранд.

Зимни баромади Фахриддинзода Фирдавс  таъкид шуд, ки то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар ҷумҳурӣ 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шумори 245 ҳазор нафар донишҷӯ амал мекунад. Дар фосилаи беш аз 30 сол Тоҷикистон бо 33 давлати хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дар самти тарбияи мутахассисон бастааст, ки беш аз 40 ҳазор бурсияҳо дар ин ҷода дода шудааст. Бо талош ва корбариҳои Сарвари давлат ба хоири таъмини шаффофият ва адолат дар раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касбӣ соли 2014 Маркази миллии тестӣ дар назди Президенти Тоҷикистон таъсис ёфт, ки имрӯз он самраи хуб ба бор овардааст.

Шуҳрат Саидов дар мавриди рӯ ба илму маърифат овардани ҷавонон андешаҳои ҷолибро баён дошта, зикр сохт, ки агар ҷавонон воқеан ҳам хоҳанд, ки пешрафтаву муваффақ бошанд, бояд фурсатро ғанимат шуморида пайи андӯхтани илм бояд шаванд. Зеро имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои тавсеаи дониш ва такмили маҳорати ҷавонон шароитҳои хубро муҳайё кардааст.

Мавсуф китоби ба тозагӣ нашр шудаи маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавони вилоятро ба Сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят ва ба хазинаи китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон эҳдо намуд.

Дар идомаи кори конфронс ба як қатор донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаҳо супорида шуд.

Аз ҷониби ҳунарварони донишкада шеъру таронаҳо баҳри болидахотирии аҳли иштирокдорон намоиш дода шуд.

 

 

 

Донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилноза Қосимзода, ки дар сатҳи вилоятӣ дар озмуни “Донандаи беҳтарини кодекси андоз” ғолиб омада буд, дар даври ҷумҳуриявии озмун таҳти унвони “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” мақоми дуюмро касб намуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ ва ноутбуки Нр қадрдонӣ шуд.

Озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 20 октябри соли равон баргузор гардида, он бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳавасманд намудан ва дар маҷмўъ баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон роҳандозӣ гардид.

Озмун аз рўи 2 номинатсия гузаронда шуд: 1) Номинатсияи расми беҳтарин – зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2) Номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» – барои донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон, иштирок намуданд. Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” барои амиқтар ва фарохтар гардидани дониши хонандагон, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон хуб мусоидат намуд. Рафти озмун, алалхусус иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни коллеҷҳо ва муассисаҳои олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дониши ҳамаи табақаҳои аҳолӣ оид ба қонунгузории андоз давра ба давра васеътар гардида, сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо баландар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Низомнома, озмун дар се давр гузаронида шуд. Даври якум дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 15 июни соли 2021 баргузор гардид, ки шумораи иштирокчиёни даври якум маҳдуд набуд ва дар он хонандагоне иштирок карданд, ки дар мавзўъҳои моҳияти андоз ва андозсупорӣ, зарурати пардохт намудани андозҳо ба буҷет, аҳамияти он дар ҳаёт ва рушди ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат тасвирҳо ва ангораҳо (макетҳо) пешниҳод намуданд. Даври дуюми Озмун дар марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва барои ғолибони даври якуми шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Кумитаи андоз то 15 августи соли 2021 доир гардид. Дар даври дуюми Озмун танҳо ғолибони дар даври якум ҷойи аввалро ишғолнамуда, иштирок намуданд. Даври сеюм (ҷамъбастӣ) рўзҳои 18 ва 19 октябри соли 2021 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва  дар китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” ҷузъи таркибии корҳои тарғиботиву ташвиқотии фарҳанги андозсупорӣ барои насли наврас ва дигар шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. 

 

Устодони гиромӣ,

Шогирдони арҷманд!

Ҳанӯз 27 сол муқаддам Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он яке аз дастовардҳои навини мо ба ҳисоб меравад.

Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи ҷумҳурии мо ҳамчун шиносномаи давлату миллат ва шоҳсутуни давлатдории навини тоҷикон арзи ҳастӣ дорад.

Имрӯз бо ифтихору бо сари баланд гуфта метавонем, ки ин ҳама дастовардҳо, пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо ва обрӯю мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз амалигашти Конститутсияи кишвар ва бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст .

Давлати мустақил гуфта, давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш бошад. Баробари ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонашон сабт шудаанд. Кишвари мо ҳам соҳиби Конститутсия мебошад, ки мо онро “Қонуни бахт”, “Бахтномаи миллат” мегӯем, зеро дар он тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудаанд.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.

Дар қатори мардуми ваҳдатшиори кишварамон ҷомеаи меҳнатии донишкада ба қонуни асосии кишварамон арҷ гузошта, онро роҳнамои худ дар ҳама ҷодаҳо медонанд.

Бо истифода аз фурсати мувофиқ ба кулли кормандони донишкада  умри дароз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, хонаи обод ва рӯзгори босаодат таманно карда, орзу менамоям, ки ҷашни 27-солагии қабули Конститутсия низ идомаи комёбию муваффақиятҳои наватон шавад.

Ҷашн муборак!

Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб байни ҷавонон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқоти озоду шаффофи муовини якуми Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон, ёвари директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Шаҳбоз Шосаидзода, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров, сардори Раёсати кор бо занон оилаи вилоят Хоҷазода Хуршедахон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ бо донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

Чорабиниро Хоҷазода Хуршеда ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст. Зеро имрӯз бинобар огоҳ набудан аз авзои сиёсии ҷаҳонӣ, сатҳи пасти дониши сиёсиву динӣ, ҳушёрии сиёсиро аз дасти додан ҷавонони зиёде ҷони худро дар майдонҳои набарди сурияву Ироқ аз даст дода истодаанд. Зуҳур кардани чандин ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта, боиси он гардида истодааст, ки ҷавонони мо ноогоҳона ба он шомил шаванд. Вазъияти имрӯзаи кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ҳар яки мо маълуму возеҳ аст. Гурӯҳи ба ном исломии Толибон зимоми давлатдории ин кишварро ба даст гирифта, барои маҳви аҳли зиё, поймол кардани ҳуқуқу манофеҳои кӯдакону занон машғул ҳастанд. Ин амали онҳоро душманони миллати мо дар хориҷа истода ба истилоҳ аз пашша фил месозанд.

Дар баромади Нигорахон Ғаффорзода таъкид шуд, ки Президент аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ ба беҳдошти рӯзгори бонувон, нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Моҳи сентябри соли 1998, таҳти рақами 363 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Қабули Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муносибатҳои мавҷударо вобаста ба оила ба танзим даровард. Санади дигари муҳим дар ин самт Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, баҳри аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоидро фароҳам овард. Ин ҳуҷчати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», боби иловагӣ ба Барномаи мазкур «Дастрасии занони деҳот ба замин», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо»,  Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солхои 2006-2010», «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои соли 2008-2010», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солои 2012-2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила”, “Барномаи давлатии пешгирии зуровари дар оила барои солҳои 2014- 2023”, “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба  беҳдошти вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.

Самараи роҳандозии чунин тадбирҳо буд, ки агар дар соли 1991 аз 95 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд, пас, ин нишондод дар соли 2021 ба 73 фоиз расонида шудааст. Ҳамчунин, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувони корманд аз 25 ҳазор нафар ба 57 ҳазор расидааст. Саҳми бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35 ҳазору 600 нафар ва занони соҳибкор 77 ҳазору 400 нафарро дар миқёси ҷумҳурӣ мебошанд.

Ҳузури чашмраси бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаи илм ва дигар сохторҳои кишвар аз натиҷаҳои судманди иҷроиши қонуну фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.

Ҳамзамон мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, натиҷаҳои интихоботи соли 2020 нишон медиҳад, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар занон ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Ба андешаи баромадкунанда мушкилии умдаи натанҳо бонувон, балки аҳли ҷомеа ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Тавре аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, дар давраи ҳисоботӣ 12 ҳазор оила, пош хӯрда, 10 ҳазор кӯдакон бепарастор мондаанд, ки бояд дар ин ҷода масъулият зиёд карда шавад.

Шаҳбоз Шосаидзода қайд намуд, ки бузургтарин неъмат ба насли одамӣ, пеш аз ҳама ба ҷавон ин вақт аст. Онро зоеъ паси сар намуданд, хиёнат пеш аз ҳама ба падару модар ва баъдан ба Ватану миллат метавон арзёбӣ намуд. Ӯ чор омили шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаркатҳои иртиҷоӣ бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид. Якум сатҳи пасти худшиносӣ, ҷаҳонишавии муносибатҳои фарҳангӣ, эҳсосоти динӣ ва манфиатҳои абрқудратҳо. Бояд аҳли ҷомеа, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ  ҷавононро дар руҳияи баланди миллӣ тарбия намоянд.

Алиназар Ашуров зимни баромад гуфт, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ даро соҳаи илму маориф” эълон гардида буд.  Ҷиҳати татбиқи ин ташаббус ва ибтикори Ҷаноби олӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Дар Паёми имсола бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуривӣ зери унвони “Илм- фурӯғи маърифат” гузаронида шавад. Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз озмунҳои қаблӣ- аз ҷумла аз озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ёдоварӣ карда, сараввал дар сатҳи баланд доир гардидани ин озмунро бо изҳори қаноатмандӣ қайд карданд. В-аз он пас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин натиҷаи баргузории ин озмунро бо суханҳои зайл ташреҳ доданд. Ин озмунҳо як нуқтаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Аз ин лиҳоз доир гардидани озмуни ҷумҳуривии “Илм- фурӯғи маърифат” як иқдоми дигари бузурге барои пешрафти илм ва фарҳанг, аз он ҷумла илмҳои дақиқ ва риёзӣ маҳсуб меёбад.  Дар асри бистуяк ҳаёти босуботи аҳли ҷомеа, зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакат, бе шакку шубҳа, бо пешрафти илмҳои дақиқ,  бахусус, дастёбӣ ва дастрасии насли наврас ба илму навовариҳо ва навгониҳо дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ дар тавъам аст. Донишкадае, ки мо алҳол дар он ҳузур дорем, дар  татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақш ва мақом хоса дорад. Бояд донишҷӯён дар ин озмунҳо ширкати фаъолона дошта бошанд.

Аз номи донишҷӯёни донишкада Мӯҳсинҷон Ҷӯраев ба аҳли нишаст ваъда дод, ки бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ барои меҳани азиз хизмати босуботона мекунанд.

Зариф Довудов, муовини директор оид ба тарбия миннатдории ҷомеаи меҳнатии донишкадаро барои фароҳам овардани чунин як мулоқоти озоду шаффоф иброз намуд.  

 

 

3 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд  дар ҳамкорӣ бо Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, Зулҳия Нозакзода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯсобек Мироватов - Раиси иттифоқи касабаи командони маориф ва илми вилояти Суғд, Нуъмон Обидзода - муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдураҳим Қурбонов - сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок намуданд.

Чорабинро Мӯсобек Мироватов- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд  ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Мавсуф барои ҳамкории мутақобилаи судманд ба директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода изҳори сипос намуд.

Сипас, Зулҳия Нозакзода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Обидзода-муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Абдураҳим Қурбонов -сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд ҳозиронро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз доштанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз  ҳар яки мо вазифадорем, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем.

Дар маҷлиси тантанавӣ ба собиқадорони соҳа, ятимони кулл ва маъюбони муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва миёнаи касбӣ, раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ, ғолибони спартакиадаи варзишӣ Ифтихонома, сипосномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мукофотҳои молиявӣ ва тӯҳфахои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Зимни тақдими мукофотҳои соҳавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, таъкид гардид, ки аз замони зимоми давлатдории навини тоҷиконро ба даст гирифтани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазилати хоссаи давлатдории тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати тоза падид омад, ки муҳаррик ва меҳвари асосии он ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ – таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар  мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд , Кӯдакистони Президентӣ, ва ҷавонони санъаткор пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонони муваффақ, варзишгарони бомаҳорат, ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдувосит Ғафуров баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки воқеан ҳам ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон аз рўзҳои аввали фаъолияти худ тавонист мавқеи устувори ҷавонони худогоҳу худшиноси кишварро барои дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ ва мутаҳҳид намояд.

Зикр гардид, ки ки рост омадани 30 – юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба соли барои тамоми мардуми кишварамон мубораку муқаддас ҷашни фархундаи миллӣ 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан фоли нек арзёбӣ гардида, таъсисёбии иттифоқ шаҳодати бевоситаи дастовард ва самараи даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки Истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои пешбининамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти роҳандозӣ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои конститутсионии ҷавонони кишвар, ҷалби бештар ба ҷараёни демократикунонӣ, мусоидат дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати мутараққии ҳуқуқбунёд истифодаи васеи нерӯи созанда ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа муваффақу комёб мегарданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мирзобек Мирзобоев ба самъи иштирокдорон табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро расонид.

Ҳамчунин роҳбари намояндагии филиал дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Ҷамшед Масаидов, ҷавонони фаъол Бобоев Мўҳсин ва Воҳидов Фаррух баромад намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.