Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ мулоқот баргузор гардид.
Гулшан Довудов, муовини директори донишкада оид ба корҳои тарбиявӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ҷоннисор, нотарс, ҷасур, сарсупурдаи халқу ватан ва дорои ифтихори бузурги миллӣ мебошанд ва тавонистанд, ки мардуми моро сарҷамъ карда, сулҳу субот оварда, муҳоҷирони зиёдеро, ки бар асари нооромиҳои мамлакат ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохил ҷойҳои зиндагии худро иваз карда буданд, боз ба маконҳои худ баргардониданд.
Аз ин ҷиҳат хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Чунки кам касоне дар таърих пайдо мешаванд, ки миллати худро дар ҳолатҳои буҳронӣ наҷот дода тавониста бошад. Аз ин ҷиҳат ин ҳам барору омади кори халқи тоҷик аст, ки дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта, ба онҳо мо ташаккур мегӯем, ки ҳамин шахсро аз байнашон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб карданд. Тӯли бисту нуҳ соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат мамлакатамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи эшон мебошад.
Сипас, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ муҳтавои барномаи пешазинтихоботии
номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар музокира устодону донишҷўёни донишкада баромад намуда, аз номзади арзанда ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ба фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.