Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи таҷлили моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят мусобиқаи хурди футбол байни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид.

Давоми як ҳафта дастаҳои мунтахаби ДДХ, ДДҲБСТ, ДПДТТ, ДИС ДТТ ва коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи иттифоқи касаба талош варзиданд. Аз рӯи нишондоди холҳо ва таносуби голҳои зада тими мунтахаби Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардида, бо Ҷом ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардид.

Зинаҳои дуюми сеюмро  футболбозони дастаи  ДДҲБСТ ва ДДХ ба даст оварданд.