Ҳар қавму миллат, дар баробари арзи ҳастӣ намудани худ, дар доираи кишвар қоидаву қонуниятҳои хоси худро дорост. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони тозаистиқлол гарчанде, ки нав ба замони мустақилияту эҳёи сулҳу субот қадам густурдааст, барои пойдору безавол ҷовидона мондани ин осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезон бар гирдбоди заволёби афтад. Тавре дар урфият мегӯянд: “Гар аҳл бошем, кори мушкил саҳл мешавад” аз ҳамин хотир хиради азалии мардуми тоҷик буд, ки миллати тоҷик ба ин рӯзҳои муқаддас шарафёб гардид ва минбаъд низ рисолати хешро дар назди халқу Ватан иҷро хоҳад, то дар оянда нури имрӯзиён рӯзгори ояндагонро муҷаллотар гардонад.

Мо медонем, ки ҷаҳони муосирро пайдошавии ҳар гуна амалҳои номатлуби гурӯҳу ташкилотҳои тундраву ифротӣ ба ташвиш овардааст. Зеро зуҳури чунин ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ барои амнияти аҳолии курраи замин хатари бесуботиро таҳдид менамояд. Бояд гуфт, ки мубориза бо чунин ташкилоту созмонҳои иртиҷоӣ дар меҳвари асосии кории ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ қарор дошта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он дар канор нест ва дар ҳалли масоили глобалӣ кишвари мо аз аввалинҳо шуда, афкороти хешро пешниҳод менамояд, ки ҳаммаи он аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф карда мешаванд.

Мусаллам аст, ки ягона мақсади нопоки чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳое, ки имрӯз соҳибистиқлол гардидаву мардумонаш озод ҳастанд онро зери ҳадаф қарор дода, аз баъзе ҳолатҳои ногувори мамлакатҳо сӯи истифода менамоянду  мехоҳанд вобаста ба дини мубини ислом ҳарф зада, ба маъное, ки ақли инсонҳоро бо ҳар гуна  роҳҳо дуздида истодаанд. Аммо мо бо зирракии сиёсии худ намегузорем, ки ин нохалафон ба мақсади ххуд ноил гарданд.

Умуман, дар шароити имрўза кўшишҳои аҳли ҷамъияти умумиҷаҳон ӣ дар доираи муқобилият ба терроризм пеш аз ҳама ба муборизаи зидди созмонҳо ва ҳаракатҳои устувор нигаронида шудаанд. Зеро ин гуна созмонҳо барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ тарафдорони худро муттаҳид карда ҳар гуна нақшаҳои ғаразнокро амалӣ кардан мехоҳанд.

Усмон Ахмедов,

муовини директор оид ба илм ва инноватсияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд