Имрӯзҳо мо давру замоне зиндагӣ мекунем, ки пуртаззод ва хатарзо аст. Ҳар як инсон дар ин марҳила бояд бо андешаи солим ва хиради воло мусаллаҳ бошад. Вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки инсоният бори дигар ба арзишҳои маънавӣ аз қабили инсондӯстӣ, хайру саховат, ватандӯстӣ, садоқату вафодорӣ ба марзу буми ниёгон ва монанди ин арзишҳо арҷгузорӣ намояд.

Вале афсус, ки дар ҷамъият нафароне ҳастанд, ки ин гуна арзишҳои умумибашариро нодида гирифта, баҳри амалигардии манфиатҳои ғаразнок ва нопоки хеш ба рӯзгори ободу осоиштаи мардум халал ворид месозанд.

Солҳои охир зӯроварӣ, ифротгароӣ ва терроризм барин мафҳумҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд ва тавассути ахбори омма он то аҳли ҷомеа расонида мешавад.  Ифротгароӣ ва терроризм ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунанд. Онҳо асосҳои маънавиёти ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд.

Алҳол дар  ҷаҳон экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳоншавӣ ва амсоли инҳо ба қайд гирифта шудааст. Экстремизми наврасон ва ҷавонон дар ифодаи қувваи зиёд, хушунат, таовуз ва куштор, адоват ва гуногунандешӣ, хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитарӣ ва амсоли он асос ёфтааст.

Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтор, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботи маънавӣ, накӯкорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либоси бегона, риоя накардани талаботи сохтори дунявӣ ва ғайра мебошад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва беруна вобаста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ изҳор намудаанд, ки “... вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартарҷӯи, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаи нави “ҷанги сард” боисӣ нигаронӣ гардидааст” Дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъ идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун айёми душвору пуртаззод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамалҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имруз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносибати байналмилалӣ тасъсиргузор мебошанд...”.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бар зидди терроризм ва экстремизм муқовимат карда, бо мақсади мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор 16 – уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул кардааст.

Дар робита бо ин, бояд дар таҳкими истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намояд.

Аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд донанд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ва террористӣ ба ояндаи онҳо таъсири хатарнок мерасонад. Онҳоро аз ҷомеаи солим ҷудо менамояд.

Амалҳои террористӣ ва ифротгароии пайравони ин созмонҳои харобкор аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки пайваста ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва баҳри абадан решакан намудани он тадбирҳо андешанд.

Имрӯз миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоишта ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хизмати хиради созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд меҳнат намоем. Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро аз ин гирдоби хатарафзо нигоҳ дорад, зеро ягон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ барои пешравии миллат хизмат накардааст.

Дилрабо Комилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд