Дастовардҳои маҳдуд ва ҷузъӣ дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ, ки дар марзи асрҳо хислати оммавӣ пайдо кардааст, натиҷаи он аст, ки ин мубориза то ҳол фақат аз ҷониби давлатҳои алоҳида амалӣ мегардад.

Мутаассифона, дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст. 

Боиси сарфарозиҳои мост, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,  самти сиёсати ҷавононро дар миллат боло бардоштаанд.

Вазъи иқтисодии на танҳо ҷумҳурии мо балки тамоми ҷаҳон имрӯз муташанниҷ гардидаву баъзе аз масъалаҳои дигар ба мисоли амалхои номатлуби гурӯҳҳои ифротгорою иртиҷоии терористон вақтҳои охир каме афзоиш ёфтааст. Ин ҳама сабаби он гардидааст, ки дар байни мардум, каме ақидаҳои бемаъни пайдо гардида истодааст ва  ин масъала аз тарафи дигар боиси бекор мондани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷаи кишвар  шуда шудааст.  Ва маҳз ҳамин зуҳуроти номатлуб, ҳам ба иқтисодиёти ҷаҳони ва ҳам ба мафкураи ҷомеаи ҷаҳони халал ворид менамояд.

Ягона ҳадафи нопоки чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳое, ки имрӯз соҳибистиқлол гардидаву мардумонаш озод ҳастанд онро зери ҳадаф қарор дода, аз баъзе ҳолатҳои ногувори мамлакатҳо сӯи истифода менамоянду  мехоҳанд вобаста ба дини мубини ислом ҳарф зада, ба маъное, ки ақли инсонҳоро бо ҳар гуна  роҳҳо дуздида истодаанд. Ҳизбхои экстремистӣ ва террористӣ  мехоҳанд ҳамеша мардумони соддафикрро ба доми олудаи хеш кашида эшонро ба фоидаи худ истифода баранд.

Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасп намудааст.  Ва ё ба маъное, чашми ҳасуд бар ин миллати комилҳуқуқ мебанданд.  Тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ ба мо маълум буд, онҳо тамоми кӯшишу талоши худро ба он харҷ менамуданд, ки сохти конститутсионии мамлакатҳои ҷаҳонро халалдор созанд.

Моро мебояд, ки барои пешпо додани ин маысади нопоки наҳзатиҳои терорист, дар атрофи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид шуда , якҷоя бо ин вабои асри XXI  мубориза барем. Мардумро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд. 

Мардумони баору номуси миллатро мнбояд, ки амалҳои инсонфиребонаи мубалищони терористро маҳкум намуда, ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуби аср талош намоянд. Кӯшиш кунанд, ки Ватанамон обод ва Тоҷикистони азизамон гул – гул шукуфон бошанд, модаронамонро хурсанду хушбахт бинем ва хандаи бещаши кӯдакон дар ҳар хонадони тоҷик садо диҳад.

Равшаной Бобохоҷаева, устоди кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология