Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ баҳри он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад б авоя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалати бештар пайдо намояд. Касберо интихоб кунад, ки нафъе бар ҷамъият биёрад.

 Ман аз хурдсолӣ, орзуи ба мисли бобоям духтур шуданро доштам. Аммо бо мурури замон, фикрамро дигар кардам ва ихтисоси барномарез-иқтисодчиро пеша кардан хостам. Зеро ихтисоси  барномарез-иқтисодчӣ дар ҷаҳони имрӯза нақши муҳимро дар ҳаёти инсон бозида истодааст. Ҳамин тавр  соли 2017 ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудам. Дар давоми омӯзиш дар донишкада кӯшиш намуда истодаам, ки ҳаматарафа ихтисоси интихобкрдаамро азхуд намоям.  Вақте ки дар оянда бо кор таъмин мешавам, дониши андӯхтаам ба ман кор хоҳад дод. То ҷое иттилоъ дорам, имрӯз аксари коргоҳу ширкатҳои ватанӣ ба хатмкунандагони донишкадаи мо таваҷҷуҳи бештар дода, имтиёз ҳам барои ба кор таъмин шудан медиҳанд.

 Ихтисоси барномерез-иқтисодчӣ дар хоҷагии халқи кишвр имрӯз мақоми хоссаро соҳиб аст.  Ин соҳа дар ҷаҳони имрӯза, хеле серталабот аст. Чунки қариб тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст. Дар Тоҷикистони азизи мо низ хавфи бӯҳрон ҳис карда шуда истодааст. Барои ҳамин ба хулосае омадам, ки касби барномарез иқтисодчиро пеша кунам. Дар оянда, иқтисодиёти давлатамонро пурра омӯхта, ҳиссаи худро ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ хоҳам гузошт. Касби иқтисодӣ нафақат масъалаҳои бӯҳрон, балки чӣ тавр истифода бурдани захираҳои иқтисодӣ, меҳнатӣ, маблағҳоро оқилона истифода бурдан ва ғайрҳоро дарбар мегирад. Ҳамин тариқ ман аз ҳамаи ҷавонони кишварамон  эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам

Тоҷикистони ҷавону дилбарам

Мисли тифле дӯст медорам туро

Аз ту ояд бӯи шири модарам.

Ҳар шахсе, ки бо дили поку нек мақсад дар назди худ мегузорад , бо қудрати Худованд ва кӯшишҳои зиёд ба мақсадаш мерасад.

                                     Қосимов Акрам, курси 1, гурӯҳи 40.01.02.тб