Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани завқи толибилмон ба илмҳои дақиқ ва техникӣ ва ба ин васила дар амал татбиқ намудани озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” бо  иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни мазкур байни факултетҳо ҷараён дорад. Ҳафтаи равон дар факултети информатика ва энергетика бо ширкати беш аз 100 нафар донишҷӯён ин озмун дар  сатҳи баланд баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Тавре декани факултети мазкур Одилхӯҷа Солиев зимни суҳбат иброз дошт: “Эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи олимонро афзун намоем ва иштироки бештари донишҷӯёну омӯзгоронро дар озмуни мазкур таъмин намоем. Ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус дода, бо истифода аз имконият барои донишомӯзиву рушди илм дар Академия шароити муосир фароҳам оварем”.

Озмун дар дигар факултетҳо муташаккилона идома дорад.