Исломе, ки то чи андоза поку беолоиш будани онро мо мардуми тоҷикон аз ҳама беш медонему дарк менамоем, мутаасифона боз ҳам дар чанголи он гуруснаҳое, ки бо хуни мардумони бегуноҳ чашми худро сер мекунанд афтода истодаем. Маҳфуме ҳаст, ки ман низ аз рӯи хулосаҳои худ маротибаҳои зиёд иброз намудам, ки мушкилоти чавонони мо имрӯз дар он ифода гашта истодааст, ки исломро аз имон дар фарқ гузошта наметавонанд, ин бевосита пеш аз ҳама мушкилоти худи онҳо мегардад, ки ҳаёту зиндагии худро табоҳ сохта, баъдан бо ин рафтори худ дар ҷомеа доғ мегузоранд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки байни мардум таассуб мавқеи бениҳоят ҳам мустаҳкамро касб намудаасту тақлид ба урфу одатҳои дигар миллатҳо намуда, оқибат дар як гирдбоди гароне бармехӯранд, ки аз он дигар роҳи баргашт нест.

Мутаассифона, таи солҳои охир на танҳо дар дигар кишварҳо, балки дар кишвари мо низ чандин нафарон аъзоёни собиқ ҲНИ таҳти роҳбарии Кабирӣ симои воқеии худро нишон доданд, ки дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ онҳо ҳастанд. Вале бо вуҷуди ин, ки ҳамаи он афродон соҳиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон  халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, ҳоло ҳама экстремисти диниро, ки бадхоҳон эътироф менамоянд, халқи мо тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият  онро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо бехатарии ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Бояд қайд намуд, ки мардуми босавод ва соҳибмиилате, ки зарраи хоки ватанро ҳифз мекунад ин изҳоротро маҳкум менамояд. Умаман то кай он бадтинатони мардумфиреб бо дурӯғи худ ба боварии мардум медарояд. Итминонам комил аст, ки мардуми ватанпарасти мо нерўҳои солимро ба майдон оварда, албатта, ба умқи ҳақиқат мерасанд ва ба андешаҳои щаразнок ва ифротгароёнаи  Муҳиддин Кабирӣ эътимод нахоҳанд кард.

Мардум сарбаланди тоҷик имрўз бо  Пешвои миллати хеш ифтихор доранд, зеро ки ин марди қавииродаву оқил ҳанўз дар давраи мудҳиштаринни кишварамон ба по хесту барои хомўш намудани алангаи оташи ҷанг камар баст. Ин ҷоннисори ба хотире буд, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу дўстӣ зиндагони карда, лаззати истиқлоле, ки солҳо дар интизораш буданд, чашанд.

Туфайли он нафароне, ки ба хотири имрӯзу фардои мо ҷоннисориҳо кардаанд, то имрӯз ҳамаи мо тоҷикони соҳибтамаддун дар замони орому осоишта зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Мирзоҳаёт Бобоев, мудири кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ