Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон паёми мардумфиребонаи роҳбари ҳизби терроистиву экстремистии наҳзати исломииро сахт маҳкум намуда, ба ин олими «донишманд» муроҷиатан гуфтанем, ки мо ҷавонони иродатманди даврони соҳибистиқлол бо ҳамсафону пайравони худ намегузорем, ки ангезаҳои ифротии Шумо  ва «лаббайгӯякҳоятон» аз қабили гурӯҳи «Озодандешон» ва гурӯҳи дигар, ки худро  «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ба зеҳну тафаккури ҷавонон иғвову дасисаҳоро ҷо кунед. Муҳиддин Кабирии «муҳтарам»  Шумо воқеан ҳам дил медоштед, ба ҷои «изҳори тасаллият» ва даъват ба сабурӣ аз ҳамтоёни дар зиндон буда, беҳтараш худро таслим мекардед. Ва ҷавонмардона пеши мардум гуноҳҳои худро иқрор мекардед. Лоақл чеҳраи худро ғамолуда нишон медодед, ёрону пайравонатон мегуфтанд «роҳбари маънавии мо» ғами моро мехӯрад.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 27 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.