Баромади видеоии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ бахшида ба моҳи мубораки Рамазон тамошо кардему бори дигар иқрор шудем, ки инсон ба хотири манфиати худу пайравонаш ба чӣ кор қодир аст. Нафаре бо воситаи минбари баланд садо мекунад, ки боиси бадбахтии чандин нафарони раҳгумзада шудааст. Шахсияте ки мехост кинаву кудурати чандинсолаи худу аъзоёнашро бо воситаи барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ берун созад. Ӯ дар паёмаш  аз вазъи ба гуфти худаш «пасти» иқтисодӣ  кишвар сухан мекунад ва чун вақта бо сухани «таскинбахши» худ аҳолии кишварро аз фурсати муносиби мубораки моҳи рамазон «умедвор» мекунад. Умедвор ба он, ки онҳо меҳоҳанд ҷомеаи соф фундаменталии исломӣ созад.  

    Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстримизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.

Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд.

Мо ба ҳамагуна таҳримҳои душманони аҳримансифат омодаем ва бо дониши баланду рафтори намунавӣ ба онҳо посух мегӯем. Зеро мо метавонем.