Имрӯзҳо фаъолияти ҳизби ҲНИ дар ҷомеа мавқеи сиёсии худро пайдо карда натавонист ва зуд ҳокимиятро соҳиб шудан хосту мақсадҳои тактикӣ ва стратегии худро муайян карда натавонист. Маблағи зиёд пайдо кард ва онро хоҷагони хориҷияшон барояшон медоданд. Аз мавқеи иқтисодӣ аз ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бештар бартарӣ дошт. Аммо бунёдаш, ки ҷаҳолату ғараз буд, ба мақсадаш нарасид.

Мо ба таври возеҳ метавонем аз панҷ унсур ё аркони ислом истифода намоем ва онро давлати имрӯзаи Тоҷикистон тавассути Конститутсия ба мо арздонӣ доштааст. Бояд ба қадри ин арзиши  конститутсионӣ бирасем ва моҳяити ҳамин арзишро барои насли ҷавон ва мардум дар зери таъсири ҳуруфотнома фаҳмонем. Ҷомеаи озоди имрӯзаи мо ба андешаҳо ва таълимоти фундаменталии ба ислом бегона эҳтиёҷот надорад.

Мақсадҳои нопоки саркардагони ҲНИТ ва пуштибонии онҳо аз ҷониби давлатҳои бузург ҳушдор медиҳад, ки аз хатогиҳои содирнамудаи онҳо хулоса бардошта, барои ба як миллати воҳид табдил додани миллати тоҷик ва муттаҳид намудани сокинони Тоҷикистон ба як қувваи бузург корҳои зиёд анҷом дода шавад. Бояд тавассути телевизион ва радио силсиласӯҳбатҳо бо иштироки олимон, сиёсатмадорон ва ходимони дин гузаронида шуда, нисбат ба амал, фаъолияти анҷомдода ва мавқеи ин террористон бори дигар андешагузорӣ карда шавад, то ин ки тамоми мардум огоҳ бошанд ва донанд.

Инчунин, нисбат ба донишҷӯён ва хатмкардагоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ё баргаштаанд корҳои фаҳмондадиҳнӣ низ бояд гузаронида шавад.

Имрӯз миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоишта ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хизмати хиради созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд меҳнат намоем. Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро аз ин гирдоби хатарафзо нигоҳ дорад, зеро ягон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ барои пешравии миллат хизмат накардааст.