Мутаассифона, дар тамоми давру замон дар ҳар ҷомеаву кишвар ёфт мешаванд нафароне, ки арзишҳои муқаддасу пок ва беолоиш ба монанди дини мубини исломро ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранду аз ниҳояти ғафлатзадагӣ огаҳонаву ноогоҳона ба эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд. Махсусан ҳадафи «тир»-и ин нохалафон ҷавононанд. Зеро онҳо дар марҳилаи гузариш ҳастанд. Ҳар як амал метавона онҳоро ба ҷониби хеш кашад. Хусусан он ҷавононе, ки саводи сиёсиву динӣ надоранд, қурбони дасисаҳои гурӯҳҳо мегарданд.

Барои ба фаъолияти созандагӣ бештар ҷалб намудани онҳо созмонҳои шоистакори ҷавононро зиёдтару воқеитар бояд кард, фаъолияти марҳалавии онҳоро ба доимӣ табдил бояд дод, доираи фаъолияташонро фароху ҳамагир бояд кард, ки дар маҳаллаҳову микроноҳияҳо пас аз дарсу кору машғулият дастҷамъона соати фароғат гузаронанд, майдончаҳои назди биноҳое, ки бо ҳар гуна «автоҳо»-ву дўконҳо банд шудаанд, бояд мақсаднок истифода бурд, чорабиниҳои хурд-хурди маърифативу равшаннамоӣ бо шумораи ками ҷавонон роиҷ бояд кард, собиқадорону нафақагирони обрўмандро бештар бояд ҷалб кард, хуллас барномаҳои мушаххасу воқеии кўтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддати ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию маҳаллӣ бояд тарҳрезӣ кард, консепсияи кор бо ҷавононро амалӣ бояд кард, ҷавонон бо онҳо машғул шуда, худро ба ҳар тараф назананд. Албатта барои ин ҳам тараддуд лозим асту ҳам маблағ ва ҳам хоҳишу кўшиш. Вале ҷомеаи мо қодир аст, ки бо ҳар як рўйдоди номатлуб мубориза бурда,  онро безарар гардонад, аммо беҳтар аст онро решакан созем. Барои ин бояд ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа саҳмгузорӣ кунад.  Танҳо дар он сурат ба чунин «шайху авлиёву пайғамбарон»-и сохтаву бофта ҷой намемонад.