Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ ба кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чигуна бо майдонсозиву аз номи Ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати ислом садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дассиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти хоҷагони зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд аз ҷумла, ин бадсиголон пешравии давлат ва Ҳукумати кишварро дидан нахоста ҷараёни баргузории нишасти сарони давлатҳоро дар доираи Самити ШОС яктарафа инъикос намудаанд. Аз ҷумла дастовардҳои азими сохаи кишоварзиро, ки пешкаши роҳбарони 7 давлатҳои хориҷӣ намуданд мавриди тозиёна қарор доданд. Ба ин носипосон гуфтанием, ки Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбор аст. Ва роҳбари давлат ба таври шоиста онро муаррифӣ намуд. Пас ҳалоли ӯ бод. Бигзор бахилон дар оташи ҳасад бимиранд.