Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзат ба хотири бегуноҳ нишон додани чанд тан аз дуздону террористон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбати онҳо дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоӣ ташкил карданианд. Шунидани ин хабар ягон нафар шахсеро, ки Тоҷикистон ва миллати азияткашидаи он барояш азизу мӯътабар аст, бетараф гузошта наметавонад. Дар ҳолате, ки ноҳақро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ё хоину душмани халқ, дузд, шайтону ҳиллагар ва ба ҳамин монанд одамонро тарафдорӣ менамоянд, кас меҳоҳад чанд ҳарфе ба муқобили ин дурӯғбофиҳо гуфта бошад.

Оё бо иштироки чанд тан наҳзатии гумнасаб ва чанд тани гумроҳшуда дар гирдиҳамоӣ гуноҳҳои содиркардаи муовини роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит, дуздиву азхудкунии моликияти давлатӣ аз ҷониби Зайд Саидов ва ҳиллагарии Бузургмеҳр Ёров бахшида мешавад?
Бaдбинии наҳзатиёни лаънатиро бинед, ки аз шарикони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо хоҳиш намудаанд, ки ба мардуми мо кӯмакхои иқтисодӣ ва молӣ нарасонанд.
Баъди хондани хабар ба Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш гӯшрас карданиам, ки гирдиҳамоии ба нақшагирифтаатон боис мешавад, ки нафрати мардуми Тоҷикистон нисбати ту, ҳизбат ва думравонат боз ҳам зиёдтар гардад. Медонед, ки дар ин ҳолатҳо халқ - бузургтарин қувва чӣ мегӯяд? Инро хуб медонед. Фаромӯш карда бошед, ба ёдатон меорем: «Саг меҷакад, вале корвон ба роҳаш меравад». Яъне наҳзатиёни хоҷапараст меҷаканду Тоҷикистон ба роҳи созандагиву бунёдкории худ идома медиҳад.