Ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хўрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шудани чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусулмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад. Дини мубини Ислом тарғибкунандаи ваҳдат ва якдилӣ  буда, ҷудоӣ  ва тафриқа, қисмат шудани ҷомеаро ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурўҳу равияҳо намеписандад.

Беобрӯии ҳизби исломӣ  аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гурўҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухангуфтанҳо чӣ  натиҷа медиҳад. Масалан, дар Афғонистон 28 ҳизби ба ном «исломӣ » фаъолият мекунад, ки ҳар кадом худро ҳақ дониста, дигареро мавриди иҳонат, таҳқир ва ҳатто куштор қарор медиҳад. Дар Покистон, Миср, Ироқ, Сурия, Тунис, Либия ва як қатор давлатҳои дигар бар асари бисёрҳизбӣ  муноқишаҳои мазҳабӣ  сар задаанд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ кушта, садҳо ҳазор кўдакон ятим, шаҳрҳои сарсабзу хуррам вайрону валангор гаштаанд. Дар Украина мардум ба гумони он ки демократияи ҳақиқиро соҳиб мешаванд ва зиндагиашон хубтар мешавад, ба ваъдаи гурўҳҳои муғриз фирефта шуданд. Имрўз мо натиҷаи чунин «демократия»-ро дида истодаем. Бинобар ин мо ҳаргиз намехоҳем, ки ба сари мардуми шарифи тоҷик чунин рўзҳои даҳшатнок биёяд.

Бародарону хоҳарони азиз, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гурўҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ  ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрўз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем.

 Мо набояд таърихи худро фаромўш намуда, амнияти кишварамонро дар хатар монем, зеро созандаву ободкунандаи ҷомеа ҳамаи мо ҳастем. Маҳз аз интихоб ва раъйи мо вобаста аст, ки мо дар кадом ҷомеа зиндагӣ  кардан мехоҳем.