Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуданд, ки ҶТ сиёсати «дарҳои кушод» - ро пеш гирифтааст ва тайёр аст, бо ҳама давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва робита намояд. Пеш аз ҳама, бо давлатҳое, ки мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқу қонунҳои моро эътироф мекунанд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Мутаассифона, дар ҷаҳон қувваҳое ҳастанд, ки ба муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо ва миллатҳо рахна зада, байни онҳо тухми душманӣ ва бадбинӣ кошта, мақсадҳои разилонаи худро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ин рӯ, мо набояд ба таблиғу ташвиқоти иғвогаронаи  душманони миллати тоҷик  бетараф бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати дурӯғу бӯҳтони мухолифин мавқеъ ва муносибати худро ошкоро баён намоем. Мо бояд ба вазъияти муташанниҷ, ки ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифтааст, баҳои дуруст дода тавонем, ба фиребу иғвои мухолифин ҷавоби мушаххас бидиҳем. Сиёсат ва ташаббусҳои дурандешона ва созандаи Пешвои миллат   ва ҳукуматро ба мардум, алалхусу ҷавонон амиқ, дуруст ва ҳаққонӣ мунтазам фаҳмонидан зарур аст.       

Мо хеле хуб дар хотир дорем, ки баробари соҳибистиқлол шудани ватани маҳбубамон –Тоҷикистон, ҲНИ фаъолияти сиёсии хешро оғоз намуд ва дар ҳама гӯшаю канори ватанамон бо воситаи аъзоёну ҷонибдоронашон тарғиботи сиёсии худро ба роҳ андохта, аз илми дини муқаддаси ислом маккорона ба зеҳну тафаккури ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҳадафҳою ниятҳои нопокашон тарғибгарӣ мекарданд. Ва ҳатто тавонистанд, ки баъзе аз пешвоёни худро ҳатто ба олитарин маҷлиси ҷумҳурӣ ба ҳайси вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии кишвар ҷойгузин намоянд. Ин ҳизби аз ҷониби аҷнабиён таъсис дода, тавонист, ки ҳатто дар муҳити маънавию сиёсии кишвар нобасомониҳои хело нангинро ба бор оварад ва дар як муддати хело кӯтоҳ ду майдонро ба миён овард, ки ҳатто писар ба муқобили падар менишаст. ҲНИ, ки воқеан ҳадафҳои нопок ва разилона дошт тавонист, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ҷанги бародаркушро оғоз намуда, ҳазорҳо одамонро бехонаю ҷой ва садҳо одамони бегуноҳро ба коми марг кашад.

  Сарварон ва аъзоёни ҲНИ, ки дар хориҷи кашвар зидди Ҳукумат ва мардуми тоҷик фаъолият мебаранд, оид ба сафедкунии чанд нафар пайравонаш тавассути сомонаҳои воситаи ахбор гаштаву баргашта суханони дурӯғ мегӯянд. Сабаби асосии чунин рафтори ноадолатона зидди кишвари мо, пеш аз ҳама муносибати боғаразонаи баъзе ташкилоти хориҷӣ нисбати ИДМ мебошад. Зеро бархе аз давлатҳои мутараққии ғарбу ИМА бар зидди Русия ва тарафдоронаш  муборизаи ошкорову пинҳонии сиёсӣ оғоз намудааст.

Аз тарафи дигар, фаъолияти  ҲНИ дар ҳама кишварҳои узви ИДМ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти эшон манъ шудааст. Аз ин лиҳоз, зидди ҳар як ташаббус, фаъолият ва ҳаракати кишварҳои ИДМ кӯшиш мекунанд, мамоният ва душворӣ пеш оварда, бо ҳамин ба онҳо зарар расонанд. Инчунин, мо муносибати яктарафа ва нодурусти чунин ташкилоти байналхалқиро нисбати кишвари худ баръало эҳсос менамоем. Ҳол он ки фаъолияти зиддиқонунии ҳаракати ҲНИ ва пайравонаш дар ҶТ исбот карда шуда, фаъолияти он на танҳо дар кишвари мо, инчунин дар бисёр давлатҳои ҷаҳон  манъ карда шудааст. Сабаби дастгирии мухолифини давлат аз тарафи баъзе ташкилот ва муассисаҳои хориҷӣ маълум аст, яъне пайдо кардани қувваҳои зиддидавлатӣ дар гӯшаву канори ҷаҳон.

    Ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистонро аз хурдиаш оғоз карда,  бояд  дар руҳияи ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ, эҳтироми волидайн  ва меҳан тарбия намоем, то ба қадри меҳнати калонсолон бирасад ва оянда дар ободӣ ва рушди зодгоҳ ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад.

 Барои пешрафти кишвари маҳбуб, пеш аз ҳама ашхоси бомаърифат ва баландихтисос зарур мебошад, аз ин рӯ тарбияву таълими дурусти ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва ҳар як шахси солимфикри тоҷикистонӣ мебошад. 

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад. Ва бори дигар  низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Мардуми тоҷик Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст.