Тайи чанд сол аст, ки вокунишҳое нишонрас перомуни яке аз масъалаҳои глобалӣ – тероризм сурат гирифта истодааст ва маҳкум шудани ин вабои аср аз ҷониби қишрҳои ҷомеа далолат ба он мекунад, ки инсоният дар оғози асри навин, ки онро асри технология унвон намудаанд, ба мушкилии зеҳнӣ ва маънавӣ дучор гардидааст. Вусъати афкори ғайриинсонӣ дар зери ниқоби ислом ва ташкил кардани давлати исломӣ муҷиби пайдо шудани муборизаҳои ақидатӣ дар минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Талошҳо ва амалиётҳои ваҳшатбори созмонҳои ифротиву терористии қаламрави Сурия ва Ироқ  боиси зарбаҳои нерўҳои зиддитерористии давлатҳои дигар дар хоки ин ду сарзамини мусалмоннишини курраи Осиё гардидааст ва ин бори дигар боиси сурат гирифтани муқобилиятҳои низомӣ дар ин самт шудааст, ки як андоза ба истиқрору истиқлолияти давлатии кишварҳои ҳамсояи ҳаммарзи мусалмоннишинашон хатар эҷод менамояд.

Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки гурўҳҳои терористии бо ном давлати исломӣ дар хоки кишвари Сурияву Ироқ, Тунис  Яман Нигерия ташкил намуданд, дар баробари талафот ёфтани ҳазорҳо шаҳрвандони ин давлатҳо аксар осорхонаҳои муҳиму таърихӣ вайрону валангор гардиданд.

Ташкил намудани чунин амалҳои хунину нанговарро аксари саркардаҳои ин гурўҳҳо истиқбол намуда, ҷангиёни ҳалокшудаашонро ба унвони «шаҳид»-у муборизи роҳи ислом меситоянд ва бо ин амал дини мубини исломро дар чашми мардумони олам ҳамчун дини реаксионӣ ҷилва медиҳанд.

Дар замони муосир бояд таъкид намуд, ки сафи низомиёну ҷангиёни гурўҳҳои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуда истодааст ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми эшон қурбон намуда истодаанд.

Гурўҳҳои терористӣ аз ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд ва бояд таъкид намуд, ки ҳадафе, ки дар пайяш ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳама чизи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид метавон ишораҳоеро аз китоби муқаддси «Қуръон» ба даст овард. Ҳамин хусусиятро ба назар гирифта «Қуръон»-ро конуни ахлоқ унвон намудаанд. Аз ин ҷиҳат, амалҳои чунин гурўҳҳо аз доираи одоби қуръонӣ берун буда, танҳо барои роҳандозии нақшаву барномаҳои теъдоди маҳдуди дастаҳои ҷинояткор нигаронида шудааст.

Бинобар ин мо ҳодисаҳои даҳшатбори терористии чунин гурўҳҳоро маҳкум намуда, аз ҷавонон хоҳиш ба амал меоварем, ки нисбати ҳамин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кўшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зирракии сиёсӣ бошанд.