Мардуми Тоҷикистон боз як воқеаи таърихиро интизоранд. Ин ҳам бошад, ба истифода додани чархаи аввалини НБО “Роғун” аст, ки имрӯз дар назар дошта шудааст. Ин боз як ташаббус, ибтикори Пешвои миллат аст, ки ба наздикӣ ҷомаи амал мепӯшад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш дилпуррона гуфта буданд, ки мардуми Тоҷикистон бо нохунҳояшон НБО “Роғун”-ро месозанд ва имрӯз бо сари баланд ба ҷаҳониён бори дигар исбот карда тавонистем, ки мо миллати созандаем. Бо роҳбарии Пешвои миллат, талошҳои пайвастаи ӯ, ҷидду ҷаҳди беандоза ин нияти нек амалӣ гардид. Он рӯз дур нест, ки мо нерӯи аввалини ин иншооти азими асрро дар чароғҳои равшани хонаҳои худ хоҳем дид. Ҷумҳурии мо пурра аз камбуди нерӯи барқ баромада, иловатан ба ҷумҳурии содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт. Ба ин мақсад аллакай хатҳои барқӣ ба дигар мамлакатҳо кашида шудаанд, ки намунаи он хати баландшиддати барқии «Касса 1000» мебошад.

Бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар як бор ба ҷаҳолату торикии гумроҳонаи солҳои навадум ғалаба карда бошад, ин бор ба зулмоту торикии табиат ғалаба кард. Миллати тоҷикро дар оянда музаффариятҳои нав ба нав интизор аст. 

Бигзор нотавонбтинон дар оташи бухлиу кина ва ҳасуд сӯхта миранд