Истиқлолияти комил дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлату миллат бебаҳотарин неъмат маҳсуб шуда, тавассути он таърих, тамаддун, фарҳанг ва оини давлатдориро ҷаҳониён мешиносанд. Аммо ин ҳама дастовардҳоро аҳримансифатон дидан намехоҳанд.  Ба таъбири халқӣ аз таги нохун чирк кофтанӣ мешаванд. Бо ҳадафҳои ғаразноки худ кӯшиш менамоянд, обрӯ ва мақоми кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ паст созанд. Чун хоиннони Ватан дар хонаи худ ҷой наёфтанд бо роҳнамоии хоҷагони бегонаи худ берун аз марзи кишвар бо дасисаву бӯҳтонҳо мехоҳанд ба номи баланди тоҷик доғ оранд. Аъзои ҳизби мамнӯъшудаи ҲНИ ва анҷумани «Озодандешон» бар зидди сиёсати кунунии ҳукумати кишвар садо баланд карданд, маҳз аз ҳамин тоифаҳоянд. Зеро чашми ҳақбин надоштану бахилӣ ва кинаву кудурат доштани онҳоро ҳамагон чашмдор буданд. Ин нафарон кистанд? Онҳое ҳастанд, ки замоне дар сояи давлат барои таҳсил кардан ба хориҷа рафтан ва имрӯз побанди ақидаву равияҳои ғаразона доранд.  Агар онҳо бегуноҳ бошанд, пас чаро дар мулки ғариб бегуноҳии худро исбот менамоянд. Биёянд ба Ватани худу назди халқ барои амалҳояшон ҷавоб гӯянд.

Мо бояд дастҷамъона бар зидди ин қувваҳо мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо беҳуда умри азизи хешро қурбони дасисаҳо кунанд. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки Ватанро чун модари худ эҳтиром намоянд. Ва ҳар пора санги онро чун дурру гуҳар донанд.

Боварӣ дорам, ки ҷавонони банангу номуси диёр дар ин роҳ мавқеи мустаҳкамро интихоб карда, дар пойдевори кохи мӯҳташами амну амонӣ ва фардои кишвар заминаҳои мустаҳкам мегузоранд.