Тавре аз иддаову изҳоротҳои наҳзатиҳо бармеояд, онҳо то ҳол талаби онро доранд, ки бегуноҳанд ва маҳбусони сиёсӣ бояд озод гарданд. Аммо боре андеша намекунанд, ки аз рӯи ин “сиёсатмадорони зиндонӣ” мардуми тоҷик чи рӯзҳои сангинро гузаронид. Охир мо Истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро ин қадар ба осонӣ ба даст наовардаем, ки имрӯз ба бадкирдории нохалафе аз даст диҳем. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин роҳ нахоҳем дод, зеро вазифаи мо дар назди халқу миллат аз он иборат аст, ки ба насли фардо низ Истиқлолият нурпоши кунад ва ояндаи миллатамон дурахшонтар гардад.

Ба он муттаҳамкунии худ, ки мақомоту дигарон айбдор хотима диҳед, зеро баста шудани фаъолияти ин азҳоб танҳо ба иродаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ набуда, балки ирода ва мавқеи аксарияти аҳолии кишварро ифода мекунад. Мақсадам он аст, ки ин баромаду суханҳои тӯҳматангез дигар фоида надорад.