Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи “Паймони миллӣ” мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонунҳои Аврупо.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест. Ин нуктаро метавон дар хаққи носипосоне, ки имрӯз муҳити орому осудаи Бадахшони Кӯҳиро халалдор мекунанд рабт дод. 

Имрӯз ин гӯшаи ободи диёр тинҷу ором аст. Ва Ҳукумат ягон амалиёти низомӣ намебарад. Он лидероне, ки дар Бадахшон кору зиндагӣ доштанд, иқрор шуданд, ки амалашон хатост. Онҳо бори дигар ба меҳандӯстӣ ва мардумпарварии Роҳбари давлат қоил шуданд. Зеро ҳамаи гуноҳҳои кардаи онҳоро бахшиданд. Гузашта аз ин ин имрӯз онҳо аз мавзеҳои таърихии кишвар дидан карда, ба ҳамбастагии минтақаҳои кишвар аҳсант гуфтанд.

 Ҳар яки мо – сокинони кишвар бояд новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва дин алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил гардида, гумроҳ шаванд. Зеро якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.