Миллати тоҷик аз азал мардумони сулҳшиору ватандӯстро ба оғӯш кашида асту ин оини неки ниёгон то кунун аз байн нарафтааст. Аслан рисолати ҳар як шаҳрванди баору номус дар он аст, ки ба ҳотири ҳифзу ҳимоя аз озодиву ваҳдати ягонагии халқ камари ҳиммат баста бошад. Мо ҳамон вақт бар зидди мухолифони миллат мубориза бурда, ғалаба менамоем, ки пеш аз ҳама меҳанпарвару адолатхоҳ бошем. Зеро ин силоҳест, ки синаи душманони бадхоҳу нохалафро сӯрох мекунад. Ҳадафҳои нопоки эшонро ба хок мезанад ва онҳоро мағлуб менамояд.

Арзишҳои милливу манфиатҳои давлатиро пос доштани ҳифозат намудан низ имрӯз вазифаи фарзияву қарзии ҳар кадоми мост. Агар мо якдилонаву сулҳҷӯёна ба зидди нафарони бадхоҳу бадкеш мубориза барем, аминам, ки онҳоро мағлуб хоҳем сохт. Зеро агар мо майдонро барои ин ташкилотҳои иртиҷоиву ифроти холи гузорем, он вақт боз муртакиби ҳодисаи садаи гузашта хоҳем гашт.

Ҷавонони арҷмманд, имрӯз давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвли миллат дар симои ҳар кадоми Шумо ҷавонони ояндасозу масъулиятшиносро мебинад. Аз ин хотир талош варзед, то ба ин бовари содиқ гардед. Кӯшшиш кунед, ки аз дасти Шумо ояндаи Тоҷикистон дурахшону нурборон гардад.