Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард. Албатта, ки барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо то кунун нафарони фидокор талош менамоянд.

Хурсандиовар он аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомли Раҳмон ба он оварда расонида истодааст, ки миқдори ҷавонони маърифатпарвар ва эҷодкор хеле ва хеле зиёд шуда истодааст. Мо таҷрибаи ин ҷавонони пешқадамро тариқи телевизион, радио, маҷаллаҳо ба ҳамаи дигар ҷавонон бояд расонем, то ки дигар ҷавонон аз онҳо ибрат гиранд.

Тоҷикисон диёри ободу озод аст ва барои кулли мардум давлату Ҳукумат шароити мусоидро таъмин сохтааст. Моро мебояд, ки пеш аз ҳама ба қадри сулҳу суботи кишварамон расида бошем. Зеро имрӯз ҳастанд давлатҳое, ки дар гирдбоди шадиди ҷанг ғӯтавар гашта истодаанд. Шукрона кунем, ки давлати мо соҳибистиқлолу соҳиби ваҳдат аст.