Ҷавонони кишвар ҳидоятнамоеро, ки роҳбари давлат дар паёми имсолаи хеш изҳор доштаанд, ҳамеша мақсаду мароми ояндаи худ қарор дода, ба иҷрои содиқонаи онҳо чун вазифаҳои муқаддаси кастиву инсонии хеш камари ҳиммат хоҳем баст ва барои гул – гулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои щайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд.

 Мо бояд шукронаи ана  ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва  ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл  баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои  нохуш оварда мерасонад. Аз воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки чандин нафар ҷавонони  тоҷикистонӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҷангида  ҳалок шудаанд. Пас вазифаи мо он аст, нагузорем, ки аз рӯи ин бадхоҳон ҷавонони мо ба чунин ҳолат расанд.

Мо бори дигар иброз медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем.