Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Қатъи фаъолияти ҳамаи ташкилотҳои тундрав, хоҳ ҲНИ ва кадоми дигар бениҳоят мавридист. Дар кишвари мо ҳамеша амнияти кишвар дар мадди назари Пешвои миллат меистад. Ба  сиёсатшиносони "варзида"  гуфтанием, ки ба ҷои он ки чонибҳоро бо суханони пучатон, "холигоҳ тафриқаро ба вуҷуд меоварад" ва дигар найрангхои хиёнатиат, алайҳи якдигар тахрик накунед. Тавонистед чун як нафари хислати инсони дошта, рафтор намоед, вагарна хомӯш истед, то аз ин бесаводиатон  хандахареши мардум нагардед.

 Мо бо як забон иброз менамоем, "новобаста аз он, ки ин гурўҳ сиёсист ё ғайрисиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Точикистон соҳиб шудааст, аз мақомотхои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад".

Мо, ахли кормандону устодони ДПДТТ ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоем ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанем, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».