Хабари марги 4 сайёҳ дар шоҳроҳи Данғара – Душанбе, ки рӯзи 29 июл сурат гирифт, ҷомеаи кишвар ва ҷаҳониёнро ба ларза овард. Шахсан ман аз ин амали ноҷавонмардона, ки чанд тан аз ҷавонони навхат онро иҷро намуданд, сахт андӯҳзада шудам. Дертар фаҳмидам, ки ин амали ваҳшиёнарон Давлати исломӣ бар дӯш гирифтааст. Бубинед, ин гурӯҳи ба ном исломӣ бо дасти ҷавонони ноогоҳ ба чӣ коре даст мезананд. Дар Қуръон омадааст, ки рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст. Пас чаро онҳо дидаву дониста, ба хотири манфиатҳои беруна, пойбанди хурофот гардида, ба ин амал даст мезананд. Мо медонем, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири рушди сайёҳӣ чи корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз  кишвари мо як минтақаи азими сайёҳӣ гардида, ҳамарӯза ҳазорон- ҳазор сайёҳон ба хотири сайру сайҳат, дидани мавзеҳои таърихӣ ба кишвари мо ташриф меоранд.

Нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи душманони кишвари мо ДИИШ ва ҲНИ танҳо ба як хотир аст. Лакнат задан ба обрӯи миллат аст. Зеро душманон фаҳмида истодаанд, ки ин мулки воҳид ва сокинони якдилу якмаромро бо ҳарфҳои сохтаю бофта ба даст оварда намешавад. Ҷониби наҳзатиён иддао доранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири паст задани мавқеи онҳо ҲНИ-ро гунаҳкор медонанд, аммо онҳо дақиқан фаромӯш карданд, ки саркардаҳои ин амали ваҳшиёна иқрор шудаанд, ки бо супориши хоҷагони эронии худ даст ба ин амали нангин задаанд.

Аммо мо гуфтанием, ҳар чи қадар моро шикастанӣ мешаванд, мо ҳамон қадар пурқувват хоҳем шуд.