Аз расонаҳои хабарӣ бармеояд, ки ТЭТ ҲНИ то ҳол амалҳои зишти худро идома дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карданист. Ин ҳизби ноком то ҳол дарк накардааст, ки Тоҷикистон соҳиб дораду ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки тири адӯ ба сӯяш ояд. Мақсаду мароми Кабириву ҳаммаслаконаш то ҳол ҳамаро ба ҳайрат меораду тухми нафратро дар дили ҳамагон кишт мекунад. Ба кирдору рафтори наҳзатиёни бенангу  беномус назар афканда, сад бор тавба карда, аз чунин тоифа худро дар канор бояд гирифт. Шукронаи обу хоки Ватани обод намуда, баҳри ободиаш кӯшиш намуд. На ба монанди Кабирӣ аз ким-кадом гӯшаву канори олам истода, бар зидди  Тоҷикистон мубориза намуд. Охир ӯ зодаи модари тоҷик аст? Нону намаки тоҷики заҳматкашро хӯрда ба воя расидааст? Пас, чаро ин қадар бемеҳрӣ нисбати халқу Ватани худ? Магар ҳамааш аз паси молу сарвати хоҷагони хориҷа аст?

Имрӯз бояд ҳар фарди ин сарзамин дарк кунад, хеле хуб дарк кунад, ки дар кишвари озод зиндагӣ дорем. Озодона ба сайри кӯчаҳо мебароем, озодона дар гулгашту хиёбонҳо сайр мекунем, озодона таҳсил намуда, фаъолият мебарем. Ин ҳам бошад, ба шарофати Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон аст. Пас, месазад, ки фикру ақидаи хешро ба ҷо карда, аз пайи касбу кори хуб ва донишандӯзӣ гардида, баҳри фардои дурахшони халқу миллат камари ҳиммат бандем.