Имрўз вазифаи ҳар яки мо шаҳрванди соҳибтаҷрибаву сабақдида аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест. Наслеро тарбия намоем, ки барои фардои дурахшони миллатамон саҳм гузорад. Ҷавоне бошад, ки аз гузаштаи пурғановату аҷдодони боҷасорати худ ифтихор кунад ва ба хотири пос доштани номи онҳо талош варзад. Манфиатҳои давлату Ҳукуматро аз пеш беш ҳифзу ҳимоя намуда барои якпорчагии марзу бум саҳмгузор бошад.

Бар зидди мухолифону хиёнаткорони ватан мубориза бурда, афкороти ифротии эшонро маҳкум намоянд, зеро ҳеҷ гоҳ қавму миллати тоҷик, гузаштагони тоҷик чунин хиёнаткору ифротгар набуданд. Аз ин лиҳоз ин ҷо замини поки муқаддасон буд ва хоҳад монд.

Фирефтаи доми бадхоҳон нагашта, баракс амалҳои зиддиинсонии он нохалафонро бо кирдорҳои шоистаи худ зарбаи ҳалокатбор зананд.