Терроризм бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурдан тақозои замон аст. Албатта, онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатфиганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Бадбахтӣ он аст, ки террористон аз номи ислом бар зиди ислом кор мебаранд. Ва дар ҳар ҷое, ки имрӯз амалҳои террористӣ доир мешаванд, ба ислом рабт медиҳанд. Дар ҷомеаи мо низ имрӯз мардум ҲНИ-ро, ки яке аз шоҳаҳои шабакаи байналмилалии террористӣ маҳсуб меёбад, ба дурустӣ шинохтанд. Мо худ чандин амалҳои террористии рухдодаро аз ҷониби ин гурӯҳ шоҳид шудем. Аз ин хотир аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки пойбанди ҳар гуна мафкураҳои ғаразнок нагарданд.