Мо, устодон ва шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷавоб ба изҳороти «Анҷумани озодандешагони Тоҷикистон», ки худро аз пешравон ва донотарошони ҷомеаи пешрави берун аз Тоҷикистон мегиранд, гуфтанием, ки аз суханҳои по дар ҳавои худ даст кашида, мағлубияти худро ҳамчун «рақиби  ноӯҳдабаро» қабул намоянд. Воқеияти ҳол он аст, ки душманони миллат пешравии кишварамонро нодида мегиранд. Дар кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳама соҳаҳо пеш рафта, зина ба зина сатҳи зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дараҷаи дониш ва мафкураи мардум, хосса ҷавонон боло рафтааст. Дар изҳороти гурӯҳи ба ном «Озодфикрон» омадааст, ки ҳадафи ин Анҷуман пешгирии зуҳуроти номатлуби ришваситонӣ дар кишвар аст. Аммо то кадом андоза суханони онҳо рост аст, касе намедонад. Дар Тоҷикистон Раёсати махсус алайҳи ришваситонӣ кору фаъолият дошта, ҳама гуна амалҳои коррупсиониро таҳти назорати хеш қарор додааст.  Мисоли барҷаста он аст, ки як гурӯҳи калони коркунони соҳаи Агентии коррупсионӣ бинобар даст доштан ба амалҳои коррупсионӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Дар кишвари мо ягон амали зӯроварӣ нест ва наҳоҳад шуд. Мо роҳ ба сӯи якдиливу якмаромӣ пеш гирифтаем. Дар Тоҷикистон манфиатҳои ҳамаи ҳизбҳо, ки расман ба қайд гирифта шудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.  Ва ин худ нишони он аст, ки дар Тоҷикистон демократияи ҳақиқии  пойдор аст. Аммо ин нафарони «равшанфикр», ки имрӯз дар хориҷи кишвар таҳти дастгирии хоҷагони беруна қарор дорад, мехоҳанд бо дасти  дигарон авзои сиёсии кишварро дигаргун кунанд. Аммо ҳадафашон ношуданист, зеро имрӯз як қувва ва нерӯ наметавонад мафкураи халқи бонангу ори миллати тоҷикро дигаргун кунад.  Ин нафарон, олимони кундзеҳн, журналистони дурбину наздикпушаймон, маддоҳони «исломпарасати дурӯғин» хатои маҳз мекунанд. Зеро халки вахдатшиор, ҳушёру огоҳ атрофи Давлат ва Ҳукумат, сарҷамъ омада, қотеъона аз ин хоинони миллат талаб дорад, ки даст аз аз чунин изҳороти иғвоангез бардоранд. Зеро мо якдилем ва моро ягон қувва ва нерӯ пароканда намесозад.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд