Устодону кормандони факултет пас аз тамошои филми мазкур ба чунин хулоса омадем, ки вақт беҳтарин довар аст. Сафедро аз сиёҳ ҳатман ҷудо мекунад. Анқариб як моҳ пеш филми дигар бо унвони «Решаҳои ноаён» ва баъдтар филми дигар «Манқурт» дар шабакаҳои телевизионӣ пахш шуданд, ки чеҳраҳои манфури ифротиёни наҳзатиро фош сохт. Дар як баромади хеш Муҳиддин Кабирӣ иброз дошта буд, ки Эшони Қиёмииддини Ғозӣ дар махкама ончуноне, ки мақомоти қудратӣ мефармояд мегӯяд, аммо нишондоду иқрори дигар аз фаъолони ҳизб Аёмиддин Сатторовро наҳзатиён чӣ мегуфта бошанд? Ё  ин ҳам сенариясозӣ аст. Не албатта аз чеҳраи ин мӯйсафед маълум, ки ӯ сидқан аз амалҳои кардаи худ пушаймон аст ва аз ҳамсафони худ даъват ба амал меорад, ки он коре ки имрӯз онҳо мекунанд, фардоиён ҳаргиз нахоҳанд бахшид. Яъне, роҳу равиши ҳизб воқеан тундгароӣ буду ҳаст ва инро мардуми оддӣ не, балки собиқ

Ҳадафи ҲНИ ҷавони гумроҳро барои оянда омода кардан аст. Яъне, инҳо мехоҳанд, ки дар кишвар табаддулот намуда, нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагони худро дар амал ҷорӣ созанд. 

Воқеан аз нақли нафарони гумроҳшуда бармеояд,   ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

Мо, устодон аз ҷавонони огоҳу зирак даъват ба амал меоварем, ки ба ҳамсолони худ роҳнамову ёвар бошед. Ба онҳо фаҳмонед, ки наҳзатиён на дӯст, балки душмани миллат ҳастанд.

А. Ваҳҳобов, декани факултети муҳандисӣ- технологӣ, номзади илмҳои техникӣ,

Н.Бобоҷонова, роҳбари Маркази тести донишкада.

А. Рашидов, номзади илмҳои аграрӣ.

Д. Комилова, мудири кафедраи химия ва технологияи хӯрока, номзади илмҳои техникӣ