Миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли арзи вуҷуди хеш шоҳиби бисёр аҳдшиканиву хиёнаткорон гардидааст. Ин решаи амали нобахшиданӣ то ба имрӯз пойбарҷост. Мо аз он шигифтзада шудем, ки фарзанде, ки миллат хононд, соҳибмаълумот намуд, барои густариши соҳибкориаш монеа эҷод накарду дар оилаи зиёӣ ба камол расид, имрӯз аз пои миллат мегирад. Ӯ худ медонад, ки роҳи интихобкардааш фарҷоми нек надорад. Умед ба ояндаи худ надоранд. Дар ягон кунҷи Ватан барояшон маконе нест. Ин беватанон шодии мардуми хушфоли тоҷикро дида натавониста, маҳз рӯзи хотирмоне, ки  мардум ҷашни 27-солагии Истиқлолияти кишварро тантана доштанд, изҳороти бардурӯғи хешро баён намуданд. Ин амали  душманони миллат  аз беақливу бемаданиятист, зеро гуфтаҳои онҳо комилан дурӯғ аст. Мо – устодон ва донишҷӯёни факултет рафтори хиёнаткори миллат – Илҳом Ёқубовро сахт маҳкум намуда, кӯтоҳандешии хоинони давлатро ҳаргиз намебахшем. Мо бояд фарзандони ояндасози миллатро тарбия намуда, ба камол расонем. Нагузорем, то ки ягон нохалафе, беватане сулҳу салоҳ ва оромии кишварро халалдор созад.