Мо, духтарони Донишкадаи полиехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ҷавонони саодатманди диёр  нисбати изҳороти аъзоёни  «Форуми озодандешони Тоҷикистон»  ҳаминро гуфтанием, ки аз дурӯғғуиву лофзаниҳои беҳуда даст кашида,  воқъияти ҳолро пешниҳоди мардум кунанд. Мо аз «дилсӯзони миллат» қотеъона талаб дорем, ки номи баланди миллатро доғдор накунанд ва тӯҳмату бӯҳтонҳои муғризона обрӯи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст назананд. Ин марзи биҳиштосо ва сокинони ваҳдатшиор кайҳо душманро аз дӯст фарқ намудаанд.

Ба фарқ аз ин «равшанфикрон» имрӯз миллат такя ба ҷавонмардони далеру шуҷоъ менамояд. Ва ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор додаанд. Ва   баҳри ваҳдати кулл, ободиву созандагӣ, рушди мунтазами иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷаҳду талош доранд ва инро нодида гирифтан гуноҳест азим ва нобахшиданӣ!

Мо, ҷавонон  ба Шумо – носипосон гуфтанием: Аз вартаи гумроҳӣ раҳо шавед ва пойбанди «охунд»-ҳои худ нагардед. 

Баръакс, гирди Пешвои азизи кишвар ҷамъ оем ва барои баланд бардоштани зиндагии шоиста ҷаҳду талош меварзем ва нагузорем, ягон нохалаф ба амну амният, суботи сиёсӣ, созандагиву ободкорӣ, ҳаёти хушу хуррами мо, ки бо  ҷоннисориҳои ҳазорҳо ҳазор занону модарон ва ҷавонони баору ба номуси миллат баҳри истиқлолияти давлатӣ  ба даст омадааст, халал ворид созад!

 

Гурӯҳи духтарони фаъоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд