Ҳар ҷомеа, ки ба миллати худ содиқ аст, меҳани худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад, ниёгони худро эҳтиром менамояд бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин ҷомеа, ин миллат, ин фард, ин шахс, ин кӯдак ба ҳеҷ гуна корҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ба ҳеҷ гуна гурӯҳбозӣ, ба ҳеҷ гуна амалҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ифротгароию терроризму экстремизм даст нахоҳад зад. Бо ин амали нек ҷомеаи мутамаддини мо ҳамешагӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ хоҳад расид. Миллати куҳанбунёди мо на ҷонибдори ифротгароӣ, балки тарафдори инсонгароӣ мебошад.

Ҳамин тавр, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.