Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепушиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рӯймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

Ки гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас. Зеро мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат, дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем.

Имрӯз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кур-курона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрӯ з бошад занон ба тарзи либоспӯшии бемантиқи шарқӣ тақлид мекунанд.  Ин хӯрдагирӣ аз ҷониби наҳзатиён кундзеҳну тақаллубкор рӯи кор омадааст.

Ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 27 сол мешавад, ки озодона ба дин пайравӣ мекунад. Давлатҳои дигари исломӣ бошад, қариб ҳазору чорсад сол дар ҷомеаи динӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ  таҷрибаи бештаре доранд.

Умуман либоспӯшӣ дорои фарҳанги хос аст. Ба ғайр аз занон имрӯз ҷавонписарон низ либосҳое ба бар мекунанд, ки агар аз аслу таърихи он огоҳ шаванд, ору номус мекунанд.

Мо тавре дар боло ишора кардем либоси миллии худро дорем ва  ҳамсафони худро даъват менамоем, ки майл ба либоси миллии худ- атласу адрас биёранд на фаранҷипӯшиву миниюбкапӯшӣ. Магар мо аз занону бонувони туркманӣ ягон камӣ дорем. Ин миллат аз таърихи начандон бойи худ тамаддун сохта истодааст, пас мо, ки оринажод ҳастему таъриху тамадуни мо беш аз 6 ҳазорсола дорад, бояд меросбарони фарҳанги қадимаи худ бошем. Ва соле, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон кардаанд, бо дастовези азими меҳнатӣ корбарӣ намоем.