Мардуми сарбаланд ва ваҳдатшиори диёр! Дар ҷаҳони пур аз таззоду нобасомониҳо имрӯз қувваҳое арзи ҳастӣ намуда истодаанд, ки ҳадафшон нооромии ҷомеа ва паҳн кардани иғвову дасисаҳо мебошад. Мо сад дар сад ба навиштаҳои корманди Академияи илмҳои ҶТ Сайфуллоев Нуриддин розием. Зеро он анҷумане, ки чанд тан аз ба гуфте «рӯшанфикрону озодандешон» таъсис додаанд, ҳаргиз маънии онро надорад, ки онҳо иродаи халқро соҳиб ҳастанд. Ин нафарон парварда ва омӯзишгоҳи дасти бегонагон ҳастанд ва намехоҳанд мулки ободу озоди моро бо чашми воқеъбин бинанд. Воқеан ҳам, ин «сарсупурдагони миллат»  бо супориши махсуси Кабирӣ ва Шӯрои олии ҲНИТ кор бурда истодаанд ва танҳо бо номи дигар мехоҳанд, ҳадафҳои номуроди ношудании ин ҳизби террористиву экстремистиро дар ҷомеаи ороми мо пиёда созанд. Агар ба зиндагиномаи ҳар яке аз ин маддоҳони ҲНИТ дида дӯзед, мебинед, ки ҳар кадоме бо амалҳои носавоби худ барои ҷомеаи мо халал ворид  кардаанд. Он изҳороте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд, ягон ҷавҳари воқеӣ надорад. Зеро далелу аснодҳои исботнашуда рӯи қоғаз оварда шудааст. Дар кишвари мо ҳама ҷанбаҳои демократия дида мешавад. Мардум озодона кору фаъолият доранд. Мушкилиро кӣ надорад? Ҳатто давлатҳои абарқудрат пояи зуҳуроти ришваситониро суст карда наметавонад. Албатта зина ба зина мушкилиҳо паси сар мешаванд. Танҳо ба ин имони бақувват, иродаи мустаҳкам, таҳаммулпазирӣ мебояд. Мо, устодон бовуҷуди дар бознишаст будан, ҳамарӯза бо хотири ҷамъ сӯи донишкада мешитобем. Медонем, ки шогирдон аз мо умедҳои зиёд доранд. Зеро ҷомеа имрӯз ба муҳандисон, меъморон, сохтмончиён, барномасозон эҳтиёҷи бештар дорад. Сарвари давлат бошанд, дар ҳар суханронии хеш аз фардои ҷавонони саодатманд ҳарф мезананд.

Мо ҷангҳои воқеан ҳам ҳузновари солҳои навадумро бо чашми сар дидем. Ҳаргиз намехоҳем, ки бо ҷурми чанд тан аз душманони миллат ин рӯзҳои сияҳ дубора боз ояд. Аз ин хотир ба миллати тоҷдори хеш, хосса ҷавонон муроҷиатан мегӯем: «Ҳаргиз фирефтаи сухунони «афсарони сарсупурдаи ҲНИТ»  нашаванд, балки бо меҳнати созанда ва бунёдкоронаи хеш қасри бошукуҳи миллатро ба дурусти эъмор кунанд».

 

Гурӯҳи собиқадорони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд