Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пуртаззод буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳо дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд. Зеро натавонистаанд имконияти таърихиеро, ки баҳри пойдории онҳо фароҳам омада буд, мақсаднок истифода баранд, имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкин аст.

Аммо миллати бузурги мо аз ин имтиҳони сахту сангин гузашта имрӯз қадамҳои устувор ба фардо мегузорад. Новобаста аз мушклиҳо садҳо шахсиятҳои маъруф дастоварду пешравиҳои миллатро дида, акидаҳои худро дигар намуданд. Аммо имрӯз берун аз Тоҷикистон чанде аз аҳримансифатон, бадтинтон, онҳое, ки дар сарзамини худ имконият барои қонунвайронкунӣ надоштанд, имрӯз бо ҳар баҳона оддитарин мушкилии ҷомеаро ба давлатдории кунунии рабт медиҳанд. Наход дигар давлатҳо ягон камбудӣ надошта бошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ, хатари офати табиӣ ин ҳодисаҳои мъмуле ҳастанд, ки дар ҳама ҷо вомехӯранд ин омилҳоро асос кардани душманони миллат аз ҷумла гурӯҳи 24 чандон мувофиқи матлаб нест. Бо истифода аз минбари розу ниёз гуфтанием мо руҳи шикастнопазир дорем ва барои бедории шуури миллат таҳти роҳнамоии Пешвои миллат гоми устувор мегузорем.