Хабари нашри видеоии душманони миллат мо, ҷавонони факултетро, ки дар таътили тобистона қарор дорем, бетараф гузошта натавонист. Зеро имрӯз мо медонем, ки дигар миллату халқиятҳо дастоврдҳои моро дида наметавонанд ва зарфиятҳои моро ошокоро низ намегӯянд. Аммо иддае аз кундзеҳнон ба хотири ризоатмандии хоҷагони серпули худ мехоҳанд обрӯи миллати моро дар арсаи байналмилалӣ резонанд. Ин шахсиятҳое ҳастанд, ки дар гузашта ва имрӯз низ чун кӯрнамоакони давлат барои аз пой афкандани низоми давлатдорӣ кӯшиш менамоянд. Аммо ҷаҳдашон барабас меравад.

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик аз боду ҳавои Истиқлолият баҳра бурда, сиёҳро аз сафед, хубро аз бад, ҳақро аз ноҳақ,  дӯстро аз душман фарқ карда метавонад. Мо намехоҳем дар арсаи ҷаҳолат монем. Ин озодӣ, ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки мо давлат дорем, шукрона аз он мекунем, ки миллатамон  истиқлолияти комил ба даст овардааст.

Мо намегузорем, ки нохалафе ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созад.

Имрӯз мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми  миллати хеш донем ва аз неъмати  бузурги Ватану ватандорӣ  ифтихор  намоем.