Як қарн пеш занони бонувони мо ҳама чодарпӯш буданд. Дари мактабу маориф, тандурустӣ ба рӯи зан баста буд. Дар оилае, ки духтар тавлид мешуд, аллакай аз замони хурдсолӣ тақдирашро бар фоидаи мардон ҳал мекарданд. Духтареро, ки ба ҳукми гул аст, напурсида,  таълим надода ба хонае гусел мекарданд, ки онҷо пур аз ангезаҳои таасубу хурофотпарастӣ буд. Инқилоб ғалаба карду занҳо рӯ ба олами равшан баромаданд. Ҳафтод соли ин аҳд занони тоҷик мисоли дигар занон дар умури давлатдорӣ, мактаб, тандурустӣ, фарҳанг собитқадамона фаъолият бурданд. Истиқлолияти давлатӣ он ҳама монеаҳое, ки занон доштанд бартараф сохт. Қонунҳои махсус барои занону бонувон ба тавсиб расиданд. Акнун дар канори мардон занон низ, вакил, шаҳрдор, роҳбари мактаби олӣ ҳастанд. Муҳимаш барои донишандӯзиву сайқали маҳорат ҳама шароит муҳайё аст.Зеро ба ҷузъ аз 39 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ҳазамон даҳҳо коллеҷу омӯзишгоҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти духтарон мусоидат менамояд.

Таъсиси квотаи Президентӣ роҳи бузергеро барои духтарон боз намуд. Аммо ҳизби ба номи террористиву экстремистии ҲНИТ мехоҳад, ки имрӯз занону духтарони моро дубора чодарпӯш намояд. Аз маънавиёт дур созад. Ба андешаи онҳо, ҳар он касе, ки чодарпӯш нест, кофар аст. Вале мо мегӯем, мо либоси миллии худро дорем. Ва банди дигар мафкураи таасуб нестем.

Ҳар он суханоне, ки имрӯз нисбати зан-модар аз забони ин «мусулмонони ҳақиқӣ» садо медиҳад, болотар аз ҳазён чизе нест. Ба ин хотир ҳар сухан ва ҳар амале, ки наҳзатиён мегӯянд, мо бояд бо мисолҳои аниқу дақиқ қотеъона посух гуем. Мо урфу одатҳои ғарбиёнаро низ қабул надорем ва ба гуфти «исломтарошон» низ гӯш намедиҳем. Мо як Ватан, як одат ва як миллат дорем, ки ба он арҷ гузошта, дар партави сиёсати маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ дорем.