Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

 Ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.