Ман ҳамчун  устоди донишкада  дар ҳамовозӣ бо дигар устодон ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар  фаъолияти ғайриқонунии ҳизби террористиву экстремистии ҲНИТ-ро хориҷ аз кишвар маҳкум намуда, гуфтанием, ки ягон қувва ва нерӯи марказгурез наметавонад, оромии ҷомеаи имрӯзаи кишварро халалдор созад. Зеро шаҳрвандони кишварамон, хосса ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон осудаҳолона пайи таълиму тарбия ва ҳунаромӯзӣ буда, дар иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар саъй меварзанд.Дар кишвари мо озодии баёни фикр, тоату ибодат фароҳам буда, ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар ҳама ҷурмҳои гурӯҳ ва нафарони сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шуд. Дар кишвар садҳо масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ арзи вуҷуд карданд. Мардум, хоссатан насли ҷавон озодона ба масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ мерафтанд. Китоби муқаддаси «Қуръон» бо ҳуруфоти криллӣ бо ҳидояти Сарвари давлат баргардонида шуд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ бузургдошти алломаи дин Абӯҳанифа таҷлил карда шуд. Ва муҳимаш барои фаъолияти бомароми ҲНИТ, ки ҷанбаи динӣ дошт, давлат шароити хуб муҳайё намуд. Аммо ҳизби мазкур ин ҳама некиҳои давлатро нодида гирифт ва тайи солиёни дароз нақшаи табадуллоти давлатиро кашида, мафкураи ҷавононро нисбати дину дунявият дигар намуд. Дар натиҷа қариб буд, ки хатари ҷанги шаҳрвандӣ дубора рух диҳад. Аммо ба бахти миллати тоҷик ин ҳодиса ба вуқуъ напайваст. Зеро халқ заршинос аст. Ва сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад.

Имрӯз ин ҳизб бо фирориёни худ бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад бо ҳамдастии хоҷагони берунаи худ ба амнияти миллии мо халал ворид кунад. Тавре дар боло гуфтем вақте миллат сарҷамъ аст, сорбони он оқилу хирадманд ва муҳимтар аз ҳама ҷасуру бебок аст, моро ягон қувва ноором нахоҳад кард. Зеро мо як муштем.