Мо, устодону шогирдони факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  «иқдоми» навбатии гурӯҳе аз хоинони миллатро, ки имрӯзҳо дар шаҳри Варшава дар нишасти САҲА қарор доранд, қатъиян маҳкум мекунем. Зеро «рақибони сиёси»-ии мо ҳамагӣ дар ҷомаи наҳзатиён гурӯҳҳои худро созмон дода, бо ин амалашон мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор диҳанд, ки зиди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон як рақиби сиёсӣ не, балки чор ниҳоди пурқудрат мубориза мебарад.Аммо ҳамон Алим Шерзамнов, Илҳом Ёқубов ва Шарофиддин Гадоев дар гузашта аъзо ва ҳатто роҳбарони ҲНИ дар минтақаҳо буданд. Имрӯз ин нафарон бо таъсиси “Паймони миллӣ” қудрат ва тавоноии худро мехоҳанд нишон диҳанд. Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик гумроҳзада нест ва медонад, ки ин нақшаву тарҳ аз ҷониби кӣ шурӯъ шудаву муалллифи ин мазҳака кист. Интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари ин «Паймони миллӣ» бори дигар гуфтаҳои болоиро шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин аъзоёни «Паймони миллат» ҳамагӣ он нафаронеанд, ки собиқ дӯстону ҳамҳизбиёни худро дар чорраҳаи тақдир танҳо гузошта, аҳдшиканона тарки диёр намуданд ва имрӯз хориҷ аз кишвар бо маблағҳои хоҷагонашон фақат иғвову дасисаро ба ҷомеа паҳн мекунанд.

Ин амалҳои хиёнатпешаи душманони миллати руҳи моро шикаста намегардонад, балки моро боз ҳам муттаҳидтару қавитар мегардонад.   Миллати мо аз имтиҳонҳои сахту сангин борҳо гузаштааст. Иродаи қавӣ, масъулияти бештар дар муқобили ин ҳама тадбиркориҳои «дӯстони миллат» моро ҳатман пирӯз мегардонад. Мо ҳама сарҷамъона дар атрофии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шуда, баҳри ободии диёр саҳм хоҳем гирифт.