Мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигоре, ки чанд рӯз пеш дар шабакаи байналмилалии интернет паҳн шуд, ба ёдам як ҳикоятеро овард. Устоде бо ҷамъи шогирдон аз кӯчае мегузаштанд, ки дар гӯшае саге мурдааст. Ва бӯи ғализи он атрофу акнофро паҳн кардааст. Шогирдон чун ба ин саг наздик шуданд, ҳамагӣ нафасҳояшонро муддате маҳкам карданд, аммо устодашон баръакс ба саг наздик шуда, лабонаш моили табассум шуд. Шогирдон аз ин рафтори устод дар ҳайрат шуда, савол доданд, ки чаро ба саги мурдаи бадбӯй наздик шуда боз хандидед, магар дилатон беҳузур нашуд? Устод дар ҷавоб гуфт: медонед, дандони саг онқадар пурҷилост, ки аз нури офтоб боз зеботар гардидааст. Шогирдони азизам, ба ҳар чизи нохуб бо назари нек нигаред, хубиашро қабул кунеду аз бадиаш ҳазар кунед.

Ба арсаи сиёсӣ омадани ҳизбе ба номи исломӣ тақозои замон буд ва ин ҳизб дар ҷомеа рисолати худро анҷом дод. Яъне, бо гузашти ба қавли худашон беш аз 40 сол дигар ҷомеа ниёз ба Ҳизби наҳзати исломӣ надорад. Аммо саркардагону масъулини онҳо ҳанӯз ҳам шиори «охирин уммеди ин умедворон зинда бод»-ро сармашқи кори худ қарор дода, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба онҳо барои идома додани фаъолият иҷозат диҳанд. Аммо ин нафарон намеандешанд, ки халқи заршинос вуҷуд доштани онҳоро намепазирад, зеро  аз исломгароии сохтаи наҳзатиён хаста шудаанд. Онҳо дарк карданд, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум боз такрор мешавад, агар наҳзатиён фаъолияташонро идома диҳанд.

Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстримизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.

Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта кори дасти наҳзатиён нест, аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки Кабирӣ бо ҷамъи ёронаш бо фармоиши хоҷагони беруниаш ва маблағҳои ҳангуфт мехостанд дар кишвар табадуллоти давлатӣ барпо кунанд, магар ин исботи гуфтаҳои болоӣ нест. Ягон қувва ва ирода наметавонад  ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони кишварро нақз намояд. Намедонам аз кадом сарчашма гирифтаанд, ки мақомоти низомии кишвар ба оилаҳои роҳбарони ин ҳизб ҷабру ситам мекунанд. Ҷоҳилият дар зиндонҳои кишвар ҳукмфармо аст.  Ин ҳама дурӯғи маҳз буда, баръакс  аз ин нафарон хоҳиш карда шуд, ки ба ҳаёти солим баргарданд ва зиндагиро бо чашми ҳақбин нигоҳ кунанд. Замоне аъзои ин ҳизб будан ҳеҷ маънои душмани халқу давлат буданро надорад. Чунки тавре аз мушоҳидаҳо ва назарпурсиҳо бармеояд, аксари аъзои ҲНИТ он нафароне ки худ намедонанд, ки шомили ин ҳизб ҳастанд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 24 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

 

Турсун Холматов,  устоди ДПДТТ