Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки барои як гуфтугӯи мустақим бо мардум иқдом кард, ки дар он давоми 2 соат ба суолҳои воридшуда посух гуфт. Мавзӯи саволҳо гуногун буданд ва чун баҳс тӯлонӣ буду мардум дар кишвар имкони тамошои онро надоранд, “Паём”, ки минбари розу ниёзи наҳзатиҳост тасмим гирифт баҳсро вобаста ба мавзӯъ қисм-қисм созад ва шарҳи муҳимтарин мавзӯъҳоро дар шакли чопӣ нашр кунад. Аммо ин ҷо соле ба миён хоҳад омад, ки дар ягон посухҳои Кабирӣ муҳимият дида намешавад. Чаро Кабирӣ аз он посухе, ки бояд аз рӯи виҷдон дар сафи чандин зиндониёни наҳзатӣ омада, ҷазои гуноҳҳояшро бояд ҷуброн кунад сар мепечида бошад. Ана ин ҳам суол ва ҳам посухе бояд мебуд, ки муҳимиятро инъикос мекунад. Он “ситоиш ва дилсӯзиҳо”-и Кабирӣ як суханони мардумфиребона аст. Вагарна агар аз дасташ барои раҳоӣ кардани “бародаронаш” ва “халқи азизаш” ягон кор меомад, пас чаро онро накард?

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳама ҳангомасозиҳои ӯ танҳо барои манфиати худи ӯст. Агар не, пас чаро коре барои бародаронам кунам гуфта, таи ин қадар сол хомӯш нишастааст? Посухи суол он аст, ки гуноҳи онҳо, ҷинояти онҳо то ба дараҷаест, ки шуста натавониста истодаанд. Агар ба дигар мантиқ гӯем, “Об аз сар лой аст”. Ба ҳамин маънӣ ин наҳзатиҳо замоне дар айни маъракаи интихоботи низ хостанд, ки “обро лой карда моҳӣ доранд” ва ин сӯиқасди наҳзатпарастҳо бар зарари худи онҳо анҷом пазируфт.

Ба суол дар мавриди ин ки чаро раиси ҲНИТ ва аз моҳи сентябр раҳбари Паймони навтаъсиси Миллии Тоҷикистон пас аз баста шудани ҳизбаш ва ҳатто пас аз таъсиси Паймони Миллӣ хомӯш буд ва гуфтугӯе бо мардум надошт, Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки “ин тавр ҳам набуд, ки комилан бо мардум сӯҳбат накарда бошем, гоҳ-гоҳ бо муносибатҳои гуногун бо мардум сӯҳбат мекардем.  Мавзӯҳои гуногун гуфта, яқин медонам, ки бо “самимият” нисбат ба ватан ва истиқлолияти он номаи табрикотии таҳқиромез ирсол намудааст. Ва чун ҳамешаги иброз кардааст, ки дар раванди мустақлгардонии давлат дасти наҳзатиҳо низ будааст ва онро Истиқлолияти дерҳангом номидааст. Аминам, ки агар ҳамин дасти наҳзатиҳо намебуд, ин дастовард дерҳангом намешуд. Хушбахтона барои мардуми шукркунанда ва мусалмони асили тоҷик ҳамин Истиқлолияти дерҳангом тамоми хушбахтиҳоро дар зиндагони фароҳам овард.

Кабирӣ дар ин мулоқот низ ин қадар аз “ислом” зебо сухан кардааст,  ростӣ, ки “ҳавасам” омад. Зеро ӯ гуфтааст, ки то ба ватан баргаштан номи азҳобаш исломӣ мемонад. “Ба хотире, ки онро бисёр пок медонистааст”.

Дар масъалаи он,ки “чаро Кабирӣ омада, дар қатори муовинонаш зиндонӣ нашуд” чаро? Худ, ки адоватпарвар аст, қудрати қувваи адолат ӯро шикаст дод.

Рафоат Неъматуллоева,

номзади илмҳои техникӣ,

омӯзгори калони маҳсулоти хӯрока ва агротехнология